Набераам Шаҳризода дарди гулӯву сулфа буд. Ӯро ба поликлиникаи Талибарзу овардам. Духтури бачаҳо пас аз муоина дорухат навишта дод. Ӯро ба мактабаш фиристодам.
Доруҳои навиштаи духтурро аз дорухона гирифта, ба кӯча баромадам, ки «Дамас»-и рақами 456 омад. Ба он нишастаму дар маҳаллаи Чаман (истгоҳи охирин) фаромадам. Барои ҳамагӣ 800–900 метр масофа ба ронанда 2000 сӯм дароз кардам. Ронанда 4000 сӯм талаб намуд.
— Ҳамин мерасад, ин чӣ қадар масофа аст?
— Нархи моён ҳамин аст. Автобус 3000 сӯм мегирад, — гуфт ронанда.
— Автобус то вокзал ҳам 3000 сӯм мегирад, — гуфтам.
Ӯ ба гапи худ истодагарӣ кард. Асабӣ шудам, бо феъл 5000 сӯмро наздаш партофтаму «зиёдатиаш ҳам аз они ту» гуфта ба роҳам рафтам.
Ба хона омадаму кисаамро бинам телефон нест. «Дар даруни «Дамас» афтодагист» гӯён, тозон ба кӯча баромада, ронандаро ёфтам. Даруни мошин телефон набуд. Аз поликлиника ҳам ёфт нашуд.
Ман ноумед шуда ба хона баргаштам. Асабҳоям вайрон шуд. Вағ-вағи сар зиёду гӯшҳоям ҷарангос мезаданд.
Ронанда мумкин 24–25‑сола бошад. Синни ман ба 78 расидааст. Магар муомилаи ронанда нисбати ман дуруст буд? Аз маркази маҳаллаи «Чаман» «Дамас»-ҳои рақами 89 то бозори Сиёб, рақами 456 то Саттепаи шаҳр мераванд. Роҳкирои ҳардуяш ҳам то истгоҳи охирин 7–8 ҳазор сӯм. Оё дар масофаи 1–3 км. 4 ҳазор сӯм талаб кардани онҳо аз рӯи инсоф аст?
Мактаббачаҳое, ки аз маҳаллаи Чаман ба мактаби рақами 41‑и деҳаи Талибарзу мераванд ва ё донишҷӯёне, ки дар шаҳр мехонанд, чӣ бояд кунанд?
Ронандаҳои «Дамас», ки дар самтҳои шаҳри Самарқанду Пастдарғам, Ҷомбой ва ё Тайлоқу Ургут ҳаракат мекунанд, инсоф доранд ва нархашон пасттар аст. Ба 3–4 км. роҳ 2000 сӯм мегиранд. Дар урфият мегӯянд: «Инсоф дорӣ — барака дорӣ».
Чанд сол пештар бо талабу дархости аҳолии Чаману Талибарзу, Боғитиллову Рустамқишлоқ ҳаракати автобус ба роҳ монда шуд. Автобусҳо як-ду рӯз гаштанд. Сабаби нагаштани онҳо якум — «Дамасчӣ»-ҳо роҳ надода бошанд, дуюм — кӯчаҳо ба талаб ҷавобгӯ набуданд.
Агар ба ҷои «Дамас»-ҳо ҳаракати мунтазами автобусҳо ба роҳ монда шавад, ба мактаббачагону донишҷӯён ва халқи меҳнаткаши оддӣ сабукӣ ва ба буҷети вилоят даромад бештар мешуд.
Раҳматилло ШАРИФЗОДА,
журналист.
