Ovozi.uz

Оши Самарқанд «бренд»-и Самарқанд аст

«То оши Самарқандро начашем, намеравем!»

Самарқанд на танҳо бо тамаддуни ғанӣ, маскану обидаҳои таърихӣ ва шахсони адабпарвар, балки бо таомҳои худ ҳам машҳури ҷаҳон аст. Хусусан, аксарияти сайёҳҳоне, ки ба ин ҷо меоянд, дар назди худ пеш аз ҳама мақсади тамошои ҷойҳои таърихӣ, чашидани палав ва бо худ бурдани нони Самарқандро мегузоранд.

Нони Самарқанд-ку бо шакл, таъм, тарзи пухтан ва дигар хусусиятҳои хоси худ аз нонҳои дигар минтақаҳо фарқ мекунад, вале палави он ҳам ҳамин гуна хусусиятҳои ба худ хос дорад, ки шояд дар палави ягон минтақаи дигар онҳоро пайдо карда натавонем.

Дар давоми чанд соле, ки дар Самарқанд зиндагӣ дорам, борҳо сайёҳони маҳалливу хориҷиро пазироӣ ва дар тамошои шаҳр раҳнамоӣ кардаам. Қариб ҳамаи меҳмонон мехоҳанд дар давоми сафаре, ки ба Самарқанд кардаанд, лоақал як бор палави ин ҷоро тановул кунанд. Аксарияташон «То оши Самарқандро начашем, намеравем!» — гӯён, шӯхӣ ҳам мекунанд. Ман ҳам то ҳадди имкон онҳоро ба ошхонаҳои беҳтарин мебарам, то орзуяшон ҷомаи амал пӯшад.

— Таърифи оши Самарқандро шунида будем ва дар дил чашидани онро орзу доштем, — гуфт сайёҳӣ маҳаллӣ Валиҷон Наврӯзов, ки аз вилояти Тошканд ба тамошои Самарқанд омада буд. — Хушбахтона, имрӯз ба мо хӯрдани ин палав насиб кард. Дарҳақиқат, ба ҳамаи таърифҳое, ки ин палавро мекунанд, мувофиқ аст. Таъми оши Самарқанд аз таъми оши Тошканд тафовут ва маззаи ба худ хос доштааст. Хусусан, ҷудо будани биринҷу сабзии он моро ҳайрон кард.

Биринҷаш алоҳида, сабзиаш алоҳида

Воқеан, таъми палави Самарқанд ғайриоддӣ ва беназир аст. Алоҳида будани сабзиву биринҷи он меҳмонони дигар вилоятҳоро ба тааҷҷуб меорад ва мароқи онҳоро ба ҳарчӣ зудтар тановул кардани ин палав зиёд менамояд.

— Ҷиҳати ба худ хоси оши Самарқанд дар он аст, ки мо онро марҳила ба марҳила, дар давоми чор соат омода мекунем, — гуфт ошпаз Баҳодур Ҳамидов. — Биринҷу сабизиашро омехта намекунем ва вақти пухтан дар байни онҳо дока мегузорем. Бо равғани зағир омода карда шудани ин палав низ яке аз хусусиятҳои алоҳидаи он мебошад. Дар дигар минтақаҳои кишварамон палавро одатан бо равғани пахта ё офтобпараст мепазанд ва аксаран ба он равғани гӯсфандро низ илова мекунанд. Дар вақти пухтани оши Самарқанд бошад, ба равғани пахта ё офтобпараст равғани зағирро омехта мекунанд, ки дар натиҷа ош таъми аҷиб пайдо мекунад. Вақти ба табақ кашидани ош сабзӣ, биринҷ ва гӯшташро алоҳида ва қабат ба қабат мекашем. Барои хӯрдани оши мо ҳатто аз кишварҳои Америка, Англия, Хитой ва дигар кишварҳо ҳам меҳмонон меоянд.

Оши Самарқанд чӣ хел пухта мешавад?

Бино ба суханони ошпаз, мисли дигар палавҳо, ба дег аввал равған меандозанд. Баъди тафсидани равған, гӯшт андохта, онро бирён мекунанд. Сипас, каме пиёз ва сабзӣ рехта, ҳамаи масолеҳи дег омехта карда мешавад. Баъди илова кардани камтарак об, интизор бояд шуд, ки дег 30–40 дақиқа ҷӯш занад. Намак, нахӯд, мавиз ва дигар масолеҳ ҳам дар навбати худ ба таом илова карда мешаванд, ки мо онҳоро алоҳида нагуфтем. Дар охир биринҷ андохта мешавад.

— Биринҷ баъди се бор гардонидан, яъне омехта кардани он мепазад, —ҷараёнро фаҳмонд Б.Ҳамидов. — Дар бори аввале, ки мо онро мегардонем, биринҷ намро ба худ мекашад, дар бори дуввуми гардонидан, биринҷ мулоим мешавад ва танҳо баъди гардонидани сеюм, биринҷ пурра мепазад.

Хулоса, палави Самарқанд низ яке аз нишонаҳои ин минтақа аст, ки Самарқандро дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон бо ин палав низ мешиносанд. Ин палав номи Самарқандро машҳуртар мекунад ва сайёҳонро ба сӯи он бештар мехонад.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ