Иди Қурбон яке аз ҷашнҳои бузурги динии мусулмонон маҳсуб мешавад, ки бо рӯҳи пок, фазилатҳои маънавӣ ва суннатҳои зебои исломӣ шинохта шудааст. Ин иди муқаддас дар дилу дидаи мардум чун рамзи ихлосу тақво, меҳру муҳаббат ва эҳсон ҷой гирифтааст.
Солҳои охир дар кишвари мо Иди Қурбон бо шукуҳу шаҳомати хосса ва рӯҳи баланди иҷтимоӣ таҷлил мегардад. Дар остонаи иди саид роҳбарияти олии кишвар қарорҳои муҳим қабул намуда, ба баргузории он дар сатҳи миллӣ аҳамияти махсус медиҳанд.
Дар рӯзи ид мардум якдигарро самимона табрик мекунанд, намози ид хонда мешавад ва пас аз он, пеш аз ҳама, падару модар, хешу ақрабо, ҳамсояҳо ва дӯстонро аёдат мекунанд. Ба дидор ва ҳолпурсии беморон рафта, барои болидагии рӯҳашон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Қурбонӣ кардан на танҳо итоати фармони Парвардигор ва ифодаи тақво, балки шукронаи неъматҳои Ӯст. Он амалест, ки инсонро аз ҳирсу ҳаво ва кибр пок месозад. Пайғамбари акрам (с) фармудаанд: «Ҳар кӣ қурбониро бо хушнудӣ ва умеди аҷр анҷом диҳад, қурбонӣ барояш сипаре хоҳад буд аз оташи дӯзах» (ривояти Имом Табаронӣ).
Ин иди муборак фазое фароҳам меорад, ки қалбҳоро равшан ва рӯҳҳоро болида мекунад. Пас аз хондани намози ид, мусулмонон ба анҷоми суннати қурбонӣ мепардозанд.
Агарчи қурбонӣ барои ризоии Худо анҷом дода мешавад, аммо манфиати он ба худамон мерасад. Гӯшт ва дигар ман-фиатҳои қурбонӣ насиби худи қурбонкунанда ва камбизоатон мегардад. Худованд ба ният ва тақвои банда менигарад. Дар Қуръони карим омадааст: «Ба Худо на гӯшт ва на хуни қурбонӣ мерасад, балки тақвои шумост, ки ба Ӯ мерасад» (Ҳаҷ, 37).
Пайғамбари акрам (с) фармудаанд: «Қурбонӣ амали неке аст. Он бандаро дар дунё аз офатҳо ва дар охират аз балоҳо муҳофизат мекунад. Мӯъминоне, ки намози идро хонда, қурбонӣ мекунанд, аз уммати мананд».
Қурбонӣ бояд пас аз намози иди Қурбон анҷом ёбад. Мӯҳлати анҷоми он то намози асри рӯзи сеюми ид идома меёбад.
Расули акрам (с) ба духтарашон Фотима (р) гуфтаанд: «Назди қурбоният рав, зеро бо аввалин қатраи хунаш гуноҳҳои гу-заштаат бахшида мешаванд». Вақте ки Фотима пурсид, ки ин танҳо ба аҳли байт аст ё умумист, Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Ин барои ҳамаи мусалмонон аст».
Иди Қурбон иди шодӣ ва саховат аст. Дар ин рӯз анъанаи хубест, ки ба фарзандон ва волидон тӯҳфаҳо тақдим карда, ка-лонсолон, беморон ва камбизоатон аёдат карда мешаванд. Ин амалҳо дар ислом тавсия шудаанд ва фазилати бузург до-ранд.
Ислом исроф ва зиёдаравиро намеписандад. Дар баъзе ҷойҳо анҷоми маросимҳои беҳуда дар рӯзи ид ба як анъанаи нохуб табдил ёфтааст, ки хилофи шариат аст. Ба ҷойи ин амалҳо, беҳтар аст ки неъматҳо ва сарватҳои зиёдатӣ ба ятимон, муҳтоҷон ва ниёзмандон тақсим карда шаванд. Ин савоб ва маънии ҳақиқии идро бештар инъикос мекунад.
Яке аз фазилатҳои бузурги Иди Қурбон ин аст, ки одамон бо ҳам наздик мешаванд. Дидору аёдати хешовандон, бахши-дани ранҷишҳо ва поксозии қалбҳо аз кинаву душманӣ — ҳамаи инҳо амале мебошанд, ки дар рӯзи ид боиси ризоияти Худо мешаванд. Касе, ки дар дили худ бахшоиш дорад, ҳам қарзашро ба Худо месупорад ва ҳам муҳити ҷомеаро аз душ-маниҳо пок мекунад.
Тарҷума ва таҳияи Фозил МУҲАММАДЗОД.
