Асосгузори таълимоти дар тӯли асрҳо дар олами ислом роҳи дуруст эътирофшудаи мотуридия, олими бузург Абӯмансури Мотуридӣ, ки дар шаҳри Самарқанд зиндагӣ кардааст, дар асарҳои худ «Китобу-т-тавҳид», «Таъвилоту-л-Қуръони-л-Карим», «Мақолот» ва «Панднома»-и Мотуридӣ ба бузургтарин фазилатҳои хоси инсон, аз ҷумла саховат ва меҳру шафқат саҳифаҳои алоҳида бахшидааст ва бо саховатмандии худ ба атрофиён намунаи ибрат нишон додааст.
Дар асари «Табсирату-л-адилла»-и Абӯмуъини Насафӣ, намояндаи маъруфи ақидаи Мотуридӣ, дар бораи ин фазилати Имом Мотуридӣ чунин гуфтааст: «Имом Мотуридӣ инсони зоҳид, хоксор ва албатта дасткушод буд.»
Ҷамолуддини Қаршӣ, донишманди дигаре, ки дар воҳаи Насафи қадимаи кишвари мо зиндагӣ кардааст, дар асари худ «Мулҳақату-с-сура» («Риоя ба (маънои) сураҳо)» таъкид намудааст, ки Имом Мотуридӣ инсони бениҳоят дасткушод ва фарохдил буд.
Фикру мулоҳизаҳои болоӣ ҳангоми шиносоӣ бо асарҳои аллома тасдиқи худро меёбанд. Хусусан, дар рисолаи ӯ «Панднома» ҳикмати зеринро хондан мумкин аст:
— Агар ободии мамлакат, беҳбудии халқро хоҳӣ, дасткушод бош;
— Эҳтиром ба дигарон, сабук кардани бори онҳо беҳтар аз сарват аст;
— Ҳар як кори нек, эҳсони худро беғараз намо;
— Бори касеро сабук кардан ва хайру эҳсон карданро кори бузург шумор.
Дар тафсири Абӯмансури Мотуридӣ «Таъвилоту-л-Қуръони-л-карим» метавон ин суханонро хонд, ки Аллоҳ таоло бандагонашро ба кори барояшон судманд (яъне саховатмандӣ, хайрхоҳӣ нисбат ба мардум) амр ва онҳоро аз чизҳои барояшон зиёновар (яъне бахилӣ, манманӣ, кибр) манъ мекунад, накӯиҳои дунё илм, ибодат ва ба инсонҳо меҳру мурувват нишон додан аст, накӯиҳои охират бошад, ҷаннат ва мағфират аст.
Воқеан, барои инсон хислатҳои саховатмандиву ёрирасонӣ, таҳаммулпазирӣ ва инсондӯстӣ муҳим аст. Ин гуфтаҳоро ҳадиси зерин собит месозад: Набӣ алайҳиссалом фармуданд: «Саховатманд ба Аллоҳ наздик, ба биҳишт наздик, ба мардум наздик ва аз дўзах дур аст. Бахил аз Аллоҳ дур, аз биҳишт дур, аз одамон дур ва ба дӯзах наздик аст. Албатта, ҷоҳили саховатманд аз бахили обид ба Аллоҳ азза ва ҷалла маҳбубтар аст».
Абӯмуъини Насафӣ, шогирди Имом Мотуридӣ дар асари худ «Баҳру-л-калом» мавқеъи сарвату фақрро дар шариат баён намуда, ба тавсияҳо оид ба ҷойгоҳи сарват дар ҳаёти инсон ва истифодаи самараноки он таваҷҷуҳ кардааст. Ба эътиқоди ӯ, ҳар нафаре, ки ба неъмат сазовор мешавад, зарур аст, ки дар тасарруфсозии он аз ҳад нагузарад, яъне ба исроф роҳ надода, саховатмандӣ зоҳир ва хайру эҳсон кунад, дар силаи раҳм ва мададрасонӣ қоим бошад, ба фазилатҳои дар дини мо тавсифшуда риоя кунад.
Абӯмуъини Насафӣ ҳадиси зеринро далел овардааст, ки барои шахси солим соҳиби касб шудан ва бо меҳнати ҳалол пул ба даст овардан воҷиб аст ва албатта, аз маблағи барзиёдиаш ба инсонҳои бечораҳоли гирду атрофаш саховат ва меҳру мурувват нишон дода зиндагӣ кунад:
Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Ҳар кас, ки аз риёҳои гуногун ҳазар карда, барои ба оилаи худ ва ҳамсояаш инъом (саховат, меҳру мурувват) намудан бо роҳи ҳалол моли дунё ба даст оварад, чеҳраи ӯ дар рӯзи қиёмат мисли моҳи пур дар шаби бадр хоҳад шуд…».
Олим дар хотимаи андешаҳояш аз ояти 267‑и сураи «Бақара» ёдоварӣ намудааст, ки мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, аз чизҳои ҳалолу покизае, ки бо роҳи касб ба даст овардаед ва аз он чизҳое, ки аз замин бароятон рӯёндаем, эҳсон кунед!».
Тибқи таъкиди ӯ, дар ин оят Аллоҳ ба эҳсон, саховат амр намудааст. Ин маънои онро дорад, ки ҳар касе бо роҳи ҳалол рӯз гузаронда, хайру эҳсон ва саховатро идома диҳад, ба ин ояти Аллоҳ комилан риоя кардааст.
Саидмухтор ОҚИЛОВ,
дотсенти Академияи байналмилалии исломии Ӯзбекистон
