Санъат Абдуллоевич! Устоди арҷманд ба маънои умумӣ барои ҳамаи шогирдон намуна, мактаби ибрат буданд… Махсусан, барои шогирдон дар баробари устодӣ дӯсти қадрдон, дар мартабаи олимӣ — арбоби фан, фидоии соҳа бошанд ҳам, як инсони бениҳоят меҳрубон, камтарин, хоксор, ҳамчун ситора нурафшон, пур аз илму ирфон буданд.
…Солҳои 30-юми асри гузашта, пас аз фавти падарбузургаш Бобохоҷа, падари бузургвори устод Абдулло ака бо Маҳфуза ая (соли 1939) оила бунёд менамоянд. Баъд аз як сол писардор мешаванду номашро Санъат мегузоранд. Дар ҷанги даҳшатноки соли 1941 оғозёфта, бародарон Ӯлмас, Абдулло ва Қудрат ҳам мардона иштирок намуда, соли 1943 ҳалок мешаванд. Фарзанди навзод танҳо зери тарбияи модар мемонад. Вай соли 1957 мактаби миёнаи 5-умро хатм намуда, бо маслиҳати бобои устозодааш Аъзам Шаҳидӣ донишҷӯи Донишкадаи кишоварзии Самарқанд мешавад.
С.А.Муҳаммадиев дар ин даргоҳ аз устодон С.Воҳидов, Н.Баданин, И.Архангелский, П.Виноградов, Ҷ.Саидов ва дигарон асрори илмро омӯхта, соли 1962 ба шаҳри Душанбе меравад ва аввал дар Донишкадаи зоология ва паразитологияи АФ Тоҷикистон ба номи Е.Н.Павловский фаъолият пеш бурда, сипас дар лабораторияи гелминтологияи АФ иттифоқ (шаҳри Маскав) соли 1969 ба унвони номзадӣ, дар соли 1986 бошад ба унвони докторӣ сазовор шудааст.
Санъат Абдуллоевич то соли 1993 бо АФ Тоҷикистон, Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Душанбе, аз соли 1993 бошад ба шаҳри худ баргашта, бо шуъбаи АФ Ӯзбекистон дар Самарқанд, ДДС, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони Самарқанд ва Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд ҳамкорӣ ва фаъолият намудааст. Дар ин давр ӯ ҳамроҳи як қатор намояндагони машҳури илму фан М.Нарзиқулов, И.Абдусаломов, В.Ивашкин, Ю.Носиров, Т.Ширинқулов, Э.Эргашев ва дигарон паҳлӯ ба паҳлӯ меҳнат карда, тақрибан 400 китоби дарсӣ, дастур, тавсия ва мақолаҳо навишт.
Устод С.А.Муҳаммадиев тӯли ин муддат дар шаҳрҳои Самарқанду Тошканд дар ду шӯрои илмии ихтисосонидашуда барои ҳимояи 25 кори илмии номзадӣ ва докторӣ ҳамчун оппонент ба рушди илму фан саҳми худро гузоштааст. Вай тамоми умри худро ба гелминтология, яъне мубориза бар зидди кирмҳои киҷамонанд, ки ба чорвои калон зарар мерасонанд ва омӯзиши он сарф намуд. Маҳз барои ҳамин хизматҳояш ба унвони Арбоби хизматнишондодаи фанни Тоҷикистон сазовор дониста шуд.
Баъди баргаштан ба Самарқанд бошад ба яке аз парчамбардорони ҳифзи табиат табдил ёфт. Дар рӯзномаҳои «Овози Самарқанд», «Зарафшон», «Самаркандский вестник» ва дигар воситаҳои ахбори оммавӣ тақрибан 100 мақолааш чоп шуд. Дар ҳар яки онҳо масъалаҳои муҳимми экологӣ ба миён гузошта мешаванд. Аз ҷумла, устод ташкил намудани Боғи миллии Амонқӯтон ва дар он ҷо такмил додани экотуризмро дар бисёр ҷойҳо таъкид намудааст.
Устод на танҳо олим, балки сарвари хуби оила ва наслҳои оянда ҳам буданд. Бо ҳамсарашон Мусалламбибӣ фарзандону набергонро ба камол расонида, ба равнақи халқу диёрамон саҳми худро ҳамроҳ карданд. Ҳоло онҳо дар роҳи рушди Ӯзбекистони Навамон бо шуҷоат меҳнат мекунанд.
Зубайд ИЗЗАТУЛЛОЕВ,
Хидиралӣ БОТИРОВ, профессорони ДДС ба номи Ш.Рашидов
