Ovozi.uz

Ибрати устод

Муҳаррири собиқи рӯзномаи «Овози Самарқанд», устод Ғафурҷон Маҳмудов на танҳо дар кору эҷод, балки дар шоҳроҳи ҳаёт ҳам ба ман ҳаққи устодӣ доранд. Рафтору гуфторашон, худдориву муомилаашон ҳамеша барои ман мояи ибрат буд ва ман ба он кас ҳавас мекардам.

Дар зер воқеаҳои ибратбахши даврони гузаштаро, ки бо устод вобаста аст, ба ёд меоварам…

Ғарқи хаёл

Яке аз рӯзҳои душанбе дар таҳририят бо устод Ғафурҷон Маҳмудов ва саҳифабанди рӯзнома Азамат Аминов дар бораи тартиби корӣ суҳбат мекардем. Муаллим аз ман як корманди эҷодиро пурсиданд, ки омадааст ё на.

«Ӯро имрӯз надидам», — гуфтам.

Устод ба мухотаб занг зада, баъди ҳолпурсӣ дар куҷо будани ӯро пурсон шуданд.

— Ман дар кӯча будам, муаллим. Тинҷӣ? — аз телефон овози ҳамсӯҳбати муаллим омад.

— Имрӯз ба таҳририят наомадед. Барои фаҳмидани вазъи саломатиятон занг зада будам, — гуфтанд Ғ.Маҳмудов.

Ҳамсӯҳбаташон корманди бисёр зирак буд. Ба зудӣ гуфт, ки вай имрӯзро якшанбе фикр кардаасту дар фурсати наздик ба идора меояд.

Муаллим ҳангоми қатъ кардани гӯшӣ гуфтанд:

— Корманди эҷодӣ-дия! Ғарқи хаёлоти худ гаштааст!

Эҷодкорон баъзан рӯзҳои ҳафтаро ҳам фаромӯш мекунанд. Аммо шумо ҳоло ҷавон! Аз ҳама бояд хислатҳои некро гирифту аз хислатҳои қобили қабул набудааш хулоса баровард!

Ин панди устод то ҳол дар ёд мондааст!

Тамаъ

Соли 2007 дар вақти мухбириям бо супориши устод Ғафурҷон Маҳмудов лоиҳаи нав оғоз намудем, ки мақсади асосии он ба муштариёни «Овози Самарқанд» дар бораи ҷойҳои таърихии шаҳр маълумот додан буд. Мувофиқи нақша, бо фотомухбири рӯзнома Солеҳака ба яке аз масҷидҳои шаҳр рафтем. Дар он вақтҳо бисёриҳо аз журналистон бо фикри «камбудие меёбаду танқид мекунад» меҳаросиданд. Ба масҷиде, ки мо рафтем, ба қарибӣ имоми нав таъин шуда будааст. Ӯ моро хуб истиқбол гирифт.

Баъди аз назар гузаронидани масҷиду зиёратгоҳ, аз таърихи ин манзил пурсон шудам. Солеҳака бошад, ҳар як нуқтаи аҳамиятнокро аксбардорӣ мекарданд. Вале аз нигоҳу худдории имоми ҷавон пай мебурдам, ки ӯ каме дар ҳарос аст. Мо аз рӯи нақшаи кор барои рӯзнома маводҳоро ҷамъ намудем ва вақти аз масҷид баромадан имом «хуш омадед» гуфта, саросемавор ба наздам омад. Гӯё ки бо ман хайру хуш мекарда бошад, ба кафи дастам пул гузоштанӣ шуд. Бо нигоҳи тунд ба зудӣ дастамро кашидам. Фаҳмидам, ки ӯ барои танқид накардан ба мо пул додан мехоҳад. Аз хашми ногаҳонӣ имом ҳам хиҷолат шуда, узр пурсид. Каме ором шуда, аз кардаи ӯ хандаам омад ва сабаби инро ба ӯ гуфтам: «Магар муллоҳо ҳам пул медиҳанд? Ман гумон мекардам, ки онҳо фақат пул гирифтанро медонанд. Муллои пулдиҳанда ҳам будааст-дия?!»

Ба имом то қадри имкон фаҳмондам, ки тамаъ ҳам аз ҷиҳати динӣ ва ҳам аз ҷиҳати қонун кори нодуруст аст.

Ҳамин тавр, мо аз ҳар як супориши устод барои худ ибрат мегирифтем.

Б.РАҲМОНОВ