Дар шаҳри Самарқанд Анҷумани минтақавии ҷавонони Осиёи Марказӣ оид ба иқлимии СММ — RCOY Central Asia 2026 таҳти унвони “Нақши ҷавонони минтақа дар идоракунии иқлим ва захираҳои об” ба кори худ оғоз кард.
Анҷуман се рӯз давом ёфта, аз 9 кишвари Осиёи Марказӣ беш аз 100 нафар ҷавонон, коршиносон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти давлатиро дар як майдон ҷамъ кард.
Рӯзи аввал ба баланд бардоштани иқтидори иштирокчиён, шиносоӣ бо тамоюлҳои муосир дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва идоракунии захираҳои об, инчунин омода намудани баёнияи минтақавии ҷавонон бахшида шуд.
Дар доираи чорабинӣ маълумоти охирини илмӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ, сиёсати глобалии иқлим, идоракунии захираҳои обии минтақавӣ ва масъалаҳои бехатарии об баррасӣ шуданд.
— Анҷумани мазкур дар мамлакатҳои Аврупо чандин маротиба ва дар Осиёи Марказӣ бошад, бори сеюм гузаронида мешавад, — гуфт сармутахассиси шӯъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рейтингҳои Агентии кор бо ҷавонон Яҳё Мустафоқулов. — Анҷуман ҳамчун майдони муҳими муколама барои муттаҳид намудани овози ҷавонони Осиёи Марказӣ дар ҳалли мушкилоти умумиминтақавӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва бехатарии об, инчунин ба мулоқотҳои байналмилалии иқлимӣ расонидани пешниҳодҳо ва ташаббусҳои онҳо хизмат мекунад.
Дар ҷараёни чорабинӣ пешниҳод ва ташаббусҳои баённамудаи ҷавонон ҷамъбаст гардида, ба анҷумани навбатии байналмилалии иқлимии СММ, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мешавад, пешниҳод карда мешаванд. Дар назар аст, ки ташаббусҳои пешқадам ва дорои аҳамияти амалӣ ҳамчун таҷрибаи байналмилалӣ ба амалиёт татбиқ карда мешаванд.
Инчунин, дар доираи анҷуман барои иштирокчиён тренингҳои махсус оид ба стратегияҳои фаъолнокии сиёсӣ ва тарғибот, ҷалби маблағ барои татбиқи лоиҳаҳо ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор ташкил гардид. Имрӯз баррасӣ ва ба шакли ниҳоӣ даровардани баёнияи минтақавии ҷавонон дар назар аст. Дар он шаш гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои пурдолузарби тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои об пешниҳод ва ташаббусҳои худро таҳия мекунанд. Анҷуман бо саёҳати Боғи миллии табиии Зарафшон хотима меёбад.
