Хизмати давлатии Самарқанд ба майдони мулоқоти глобалӣ роҷеъ ба идораи самаранок ва халқонаи давлатӣ табдил ёфт. Рӯзҳои 23–25‑уми июн дар ин ҷо бори аввал форуми Хизмати давлатии Созмони Милали Муттаҳид (UN Publik Service Forum 2025) дар сатҳи баланд баргузор шуд.
Дар форум беш аз 400 нафар хизматчиёни давлатии баландвазифа, академикҳо, экспертҳо, инчунин вакилони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз 100 мамлакати дунё омада иштирок намуданд.
Саволе ба миён меояд. Чаро Ӯзбекистонро ҷои гузарондани форум интихоб намуданд?
Ҳоло дар диёри мо бо чораҳое, ки барои идораи давлат ва ислоҳи сохтори хизматҳои давлатӣ нигаронда шудаанд, роҷеъ ба модернизатсияи хизматҳои давлатӣ, роҳандозии трансформатсияи рақамӣ ва пурзӯр намудани ҳамкории байналмилалӣ ислоҳотҳо гузаронда мешаванд.
Дар моддаи 37‑уми Сарқонуни нави мо муайян шудааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ба хидмати давлатӣ дохил шудан ҳуқуқи баробар доранд. Солҳои охир Президенти мо ба як қатор Фармон ва қарорҳо, аз ҷумла дар соли 2022 «Дар бораи Хидмати давлатии шаҳрвандӣ» имзо гузошт, ки ба ислоҳи идораи давлатӣ ва сохтори хидмати давлатӣ нигаронда шудаанд.
Дар ҷараёни ислоҳотҳо платформаи байниидоравии интегратсияи «Ҳукумати рақамӣ» беш аз 390‑то веб-хизматҳои 49‑то органи давлатиро роҳандозӣ мекунад, ҳар рӯз ба онҳо беш аз 216‑то сохторҳои ахборӣ васл карда мешаванд. Ба воситаи портали ягонаи хизматҳои интерактивӣ (my.gov.uz) шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкорӣ имконият пайдо карданд, ки аз 760 хизматҳои электронӣ истифода баранд ва шумораи истифодабарандагони аз рӯйхат гузашта аз 11 миллион зиёд шуд. 208‑то шабакаҳои Маркази хизматҳои давлатӣ имконият фароҳам меорад, ки шаҳрвандон дар ҷумҳурӣ аз хизматҳои мухталиф истифода баранд.
Дар соли 2024 Ӯзбекистон бори аввал ба гурӯҳи мамлакатҳое, ки дараҷаи «хеле баланд»-и рейтинги рушди ҳукумати электронӣ доранд дохил шуд ва дар индекси камолоти Gov Tech ба зинаи 37‑ум баромада, ба тоифаи «А» дохил шуд.
Президентамон дар арафаи форуми мазкур, рӯзи 19‑уми июн ба Фармон «Дар бораи чораҳои бар асоси назари нав ташкил намудани хизматҳои давлатии шаҳрвандӣ ва ташаккули корпуси хизматчиёни давлатӣ, ки ба профессионалӣ ва натиҷадорӣ равона карда шудаанд» имзо гузошт ва дар он самтҳои асосии ташкили хизматҳои шаҳрвандӣ, роҳандозии сохтори ягонаи тайёр намудани кадрҳо дар хизмати давлатӣ, ислоҳи куллии соҳа, мубориза бар зидди ришват ва рақамӣ кардани хизмати давлатӣ, беҳдошти имиҷи хизмати давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои хизматчиёни давлатӣ ва чораҳои ташкилӣ муайян гардидаанд.
Акнун ба баъзе тафсилот ва хулосаҳои форум эътибор нигаронем.
Аввало, форум ба ҷомеаи глобалӣ бори дигар ёдовар шуд, ки аз ин баъд идораи давлатӣ рақамӣ, инклюзив, инсонпарвар ва барқарор бояд шавад. Дар солҳои 2022–2024 як қатор давлатҳо роҷеъ ба рушди ҳукумати электронӣ ба натиҷаҳои назаррас расиданд ва онҳоро СММ ба таври муносиб қадр кард. Аз ҷумла, дастовардҳои мамлакатамон дар соҳаи «Ҳукумати электронӣ» сазовори эътироф ва рағбат шуд. Ҳамчун иштирокчии форум ва хизматчии давлатӣ мумкин ҳаминро гӯям, ки якум, хулоса ва натиҷаҳои форуми мазкур барои хизмати давлатӣ ва идораи босамари давлат мақсад, марра ва имкониятҳои навро кушода медиҳад.
Дуюм, бар асоси фикру мулоҳизаҳои баёнгардида, ба роҳандозии механизмҳои самаранок ва халқона, мулоқот бо халқ, ислоҳотҳо роҷеъ ба трансформатсияи хизмати давлатӣ боз ҳам суръат бахшида шуд.
Саввум, то мавзеъҳои дурдасттарин расондани хизматҳои давлатӣ ба воситаи сохтори «Маҳалла, ноҳия (шаҳр) — вилоят — ҷумҳурӣ», роҳандозии ҳалли халқонаи инноватсионӣ ва рақамӣ, таҳияи усул ва воситаҳое, ки ба баланд бардоштани сифат ва суръати расондани хизмат ба аҳолӣ такон медиҳанд. Инчунин, басазовори боварии инсон ва ҷомеа будани хизмати давлатии сифатнок, мизони асосии рушд будани боварии инсон ва ҷомеа эътибор нигаронда шуд.
Чорум, эътибор додан ба ғайримарказӣ кардани идораи давлатӣ, дар хизмати давлатӣ тамоюли идораи ба инсон нигарондаро татбиқ намудан, барои ҳар як кас, дар ҳар ҷо ва доимо кушода будани хизматҳои давлатӣ, яъне бар асоси тамоюлҳои «Маҳалла — ҳокимият», «Шаҳрванд — хизматчии фаъоли давлатӣ», «Роҳбар — хизматчии давлатӣ» ва «Фуқаро — ҳукумати электронӣ» мониторинг ва мутобиқ намудани фаъолияти хизматчиҳои давлатии зинаҳои поёнӣ, миёна ва болоӣ дари имкониятҳоро мекушояд.
Шашум, баланд бардоштани самаранокии интегратсияи соҳа ва шабакаҳо бар асоси тамоюли «Хизмати давлатӣ — сектори хусусӣ — институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ» барои роҳандозии механизмҳои шаффоф ва ҳисобнок шароит фароҳам меоранд.
Ҳафтум, татбиқи андозаҳои идораи инклюзивӣ ва корпоративӣ дар ҳамаи соҳа ва шабакаҳои барои рушди сарфаи ресурсҳои иқтисодиёт ва таҷрибаи гузаштан ба модели экологии тоза хизмат мекунанд.
Беҳзод Раҳматуллаев,
роҳбари гурӯҳи ташкилӣ-кадрҳои ҳокимияти вилояти Самарқанд
