Ovozi.uz

Сессияи 39-уми Шӯрои вилоятӣ рӯзи 5 ноябр баргузор мешавад

Дар ин бора дар фармоиши дирӯз имзонамудаи раиси Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд Ш. Негматов «Дар бораи даъват намудани сессияи 39-уми навбатии Шӯрои намояндагони халқи вилоят, даъвати ҳафтум» хабар дода шудааст.

Дар рӯзномаи сессия баррасии масъалаҳои зерин пешбинӣ шудааст:

— ҳисоботи прокурори вилоят М. Эшназаров оид ба корҳои дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ анҷомдодашуда дар самти таъмини бехатарии ҷамоатӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва беҳтар намудани вазъи криминогенӣ дар вилоят;

— маълумоти ҷонишини роҳбари Қабулхонаи халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд Х. Очилов оид ба вазъи кор бо муроҷиат ва муаммоҳои аҳолии вилоят дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ;

— ҳисоботи сарвари Садорати корҳои дохилии вилоят Т. Арипов оид ба чораҳои дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ андешидашуда дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо;

— ҳисоботи сарвари Садорати ҳудудии Агентии идоракунии дороиҳои давлатӣ дар вилояти Самарқанд А. Эгамов оид ба корҳои анҷомдодашуда ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» дар вилоят;

— ҳисоботи ҷонишини якуми сарвари Сарсадорати иқтисодиёт ва молияи вилоят Б. Мирзаев оид ба иҷрои буҷети маҳаллии вилоят, ташаккули манбаъҳои иловагии даромади буҷети маҳаллӣ бо дарназардошти имкониятҳои вилоят, истифодаи онҳо ва захираҳои муайяншудаи афзоиши даромади буҷет дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ;

— дар бораи эътирофи ҳуқуқ ба қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва бинову иншооти дар онҳо сохташуда;

— дар бораи иҷозат додан ба гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ;

— дар бораи истифодаи манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят;

— дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд аз 24 августи соли 2026 «Дар бораи истифодаи манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят»;

— дар бораи тасдиқи баъзе қарорҳои ҳокими вилоят.