Вингери испанӣ Нико Уилямс шартномаи худро бо дастаи “Атлетик”-и Билбао то соли 2035 дароз кард. Дар ин бора хидмати матбуоти бошгоҳи “Атлетик” хабар додааст. Қаблан шартномаи футболбоз то тобистони соли 2027 амал мекард.
Ёдовар мешавем, ки пештар хабар дода мешуд, ки “Барселона” ба марҳилаи ниҳоии гуфтушунидҳо барои ҷалби Нико Уилямс расида буд ва бовар дошт, ки ба зудӣ метавонад аз трансфери ин футболбози испанӣ расман хабар диҳад.
Дар мавсими гузашта, Уилямс дар ҳама мусобиқаҳо 45 бозӣ анҷом дода, 11 гол ва 7 паси головар анҷом додааст. Тибқи арзёбии сомонаи бонуфузи Transfermarkt, арзиши бозории Нико 70 миллион евро мебошад.
