Имрӯз маҳалла на танҳо сохтори идоракунии ҳудудӣ, балки институти муҳим дар мустаҳкам намудани арзишҳои оилавӣ, ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ ва фароҳам овардани муҳити бехатар ба шумор меравад.
Дар нишасти матбуотие, ки дар садорати вилоятии Иттиҳоди маҳаллаҳо баргузор гардид, масъалаҳои ба таври фишурдаву муташаккилона гузаронидани тӯю маъракаҳои оилавӣ, пешгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, дабдабанокӣ ва исрофкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки дар баъзе оилаҳо бар асари хароҷоти аз имкон зиёд, ҳатто, ҳолатҳои қарздорӣ ба вуҷуд меоянд. Дар асл, арзиши маъракаҳо на бо дабдаба ва маблағи сарфшуда, балки бо мазмуну муҳтавои онҳо муайян карда мешавад. Аз ин рӯ, ташаккули фарҳанги дар доираи меъёр гузаронидани маъракаҳо дар маҳаллаҳо ва пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар нишаст ҳамчунин ба масъалаҳои фароҳам овардани муҳити солими оилавӣ ва маҳаллаи бехатар таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Зикр гардид, ки агар дар оила эҳтироми ҳамдигар, меҳру муҳаббат ва масъулият дар ҷойи аввал қарор дошта бошанд, дар маҳалла низ сулҳу оромӣ устувор мегардад. Дар ин самт ҳамкории фаъолони маҳалла, собиқадорон, падару модарон ва ташкилотҳои дахлдор нақши муҳим мебозад.
Дар идома ба рӯзноманигорон ва фаъолоне, ки бо низоми маҳалла ҳамкорӣ доранд, сипосномаҳо тақдим гардиданд.
