Имрӯз нақши занон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ беш аз пеш муҳим гардидааст. Онҳо на танҳо тартиботро таъмин мекунанд, балки барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон, пешгирии муаммо ва хушунати оилавӣ низ талош меварзанд. Намунаи равшани чунин бонувони шуҷоъ — Вазира Бердимуродова ва Наргиза Бурҳонова мебошанд, ки дар шаҳри Самарқанд фаъолияти самарабахш доранд. Онҳо имрӯз дар як самт — ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон — паҳлӯ ба паҳлӯ фаъолият мебаранд. Вазира ва Наргиза на танҳо ҳамкор, балки ҳамфикру ҳаммаслаканд. Дар фаъолияти ҳаррӯза ба ҳамдигар маслиҳат медиҳанд, таҷриба иваз карда, барои ҳалли ҳар як муроҷиат якҷо роҳ меҷӯянд. Зеро хуб дарк мекунанд, ки масъалаҳои занону духтарон нозук ва ҳаллашон душвор буда, муносибати бодиққату инсонпарваронаро талаб мекунад. Ҳар ду бону бо илҳом касби падарашонро интихоб кардаанд. Вазира аз хурдӣ ба либоси низомии падараш бо ҳавас менигарист ва орзу дошт, ки роҳи ӯро идома диҳад. Наргиза низ бо пайравӣ аз падар, ба ин соҳа ворид шуда, солҳост, ки бо масъулияти баланд адои вазифа мекунад.
Капитан Вазира Бердимуродова соли 1986 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёна таҳсилро дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Самарқанд идома додааст. Аз соли 2019 то имрӯз дар Садорати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун нозир оид ба масъалаҳои бонувон фаъолият мебарад.
Ӯ бештар бо ҳалли низоъҳои хонаводагӣ ва расонидани кӯмакҳои ҳуқуқиву равонӣ ба зан ва духтарон машғул аст.
— Ягон зан ба назди мо танҳо бо як ариза намеояд, ӯ бо дарди дил, бо ашк ва бо умеди охирин ҳозир мешавад, — гуфт Вазира. — Дар бисёр ҳолатҳо занон солҳои зиёд мушкилоти худро пинҳон медоранд. Маънои муроҷиати онҳо ба мо ҳамин, ки дигар тоқат надоранд. Аз ин рӯ, мо бояд онҳоро на танҳо ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳамчун зан, ҳамчун модар фаҳмем. Пешгирии низоъҳои оилавӣ кори осон нест. Барои барқарор кардани осоиштагӣ дар оила сабр, мулоҳиза ва муносибати хеле нозук лозим аст. Мо, пеш аз ҳама кӯшиш мекунем, ки бо суҳбат ва фаҳмондадиҳӣ нофаҳмиҳоро ҳал намоем. Зеро, шикастани оила осон, аммо нигоҳ доштани он заҳмати зиёд мехоҳад.
Наргиза Бурҳонова 9‑уми майи соли 1984 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Аз соли 2021 то имрӯз дар Садорати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун нозири калон оид ба масъалаҳои занону духтарон фаъолият дорад.
Самти асосии кори ӯ низ ҳалли муаммоҳои иҷтимоии занон, пешгирии хушунати оилавӣ ва расонидани дастгирии амалӣ ба оилаҳои осебдида мебошад.
— Кори мо хеле нозук аст, — гуфт Наргиза. — Вақте зане ба мо муроҷиат мекунад, ӯ пеш аз ҳама адолат ва фаҳмиш меҷӯяд. Баъзан ӯ аз тарс, шарм ё ноумедӣ дер муроҷиат мекунад. Аз ин рӯ, мо на танҳо ҳамчун намояндаи қонун, балки ҳамчун инсони дилсӯз ба ӯ муносибат мекунем. Муаммоҳои оилавӣ гуногунанд — нофаҳмӣ, мушкилоти иҷтимоӣ, дахолати дигарон. Мо кӯшиш мекунем, пеш аз ҳама, сабаби аслиро муайян намоем. Агар имкон бошад, бо суҳбат ва гуфтушунид сулҳу суботро дар оила барқарор мекунем. Зеро, нигоҳ доштани оила барои ҷомеа арзиши бузург дорад. Аммо ҳолатҳое низ мешаванд, ки зан ба ҳимояи ҷиддии ҳуқуқӣ ниёз дорад. Дар чунин вазъият мо аз рӯи қонун амал мекунем. Қонун бояд ҳимоятгар бошад, на танҳо санад. Барои ман муҳим аст, ки ҳар як муроҷиаткунанда бо эҳсоси боварӣ аз назди мо барояд. Агар зан эҳсос кунад, ки танҳо нест ва пуштибон дорад, ӯ метавонад бо ҷасорат зиндагии худро идома диҳад.
Бояд гуфт, ки Вазира ва Наргиза баробари фаъолияти хизматӣ, модарону ҳамсарони ғамхору меҳрубонанд. Вазира бо ҳамсараш панҷ, Наргиза бо ҳамсараш шаш нафар фарзандонро тарбия мекунанд. Ин таҷрибаи модарӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки дар кори худ бо занону духтарон бо эҳсоси амиқи масъулият ва дилсӯзӣ муносибат намоянд.
Фаъолияти чунин бонувон нишон медиҳад, ки зан дар мақомоти корҳои дохилӣ метавонад ҳамзамон меҳрубон ва одил бошад. Вазира Бердимуродова ва Наргиза Бурҳонова бо масъулияти баланду муносибати инсонпарварона ба муроҷиаткунандагон, на танҳо қонунро татбиқ мекунанд, балки дар дили онҳо умед ва бовариро низ эҳё месозанд.
Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА
