Муштариёни доимии рӯзнома ва ихлосмандони санъат Баҳораи Хуррамзодро ҳамчун муаллифи мақолаҳои зиёди илмӣ, шореҳи олами санъат, пажӯҳишгар, тарғибгари олами зебоӣ мешиносанд.
Мо бо доктори фалсафа оид ба илмҳои санъатшиносӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, муаллифи якчанд китобҳои марбут ба фалсафа, санъат ва адабиёт Баҳораи Хуррамзод суҳбат кардем.
— Санъат яке аз шаклҳои шуурии ҷамъият, қисми таркибии фарҳанги маънавии инсоният ва дарки маънавии олам мебошад, — иброз дошт ӯ дар аввали суҳбат. — Санъат аз нигоҳи эстетикӣ шакли махсуси дарки воқеият аст, ки тавассути образ, рамз ва инъикос амалӣ мегардад. Аз ин ҷиҳат, таҷрибаи эстетикӣ сатҳи олии эҳсоси комилӣ ва таносуб аст. Санъат падидаи иҷтимоист ва дар доираи муносибатҳои ҷамъиятӣ ташаккул меёбад. Сатҳи маълумот, тарбия ва муҳити иҷтимоӣ муайян месозад, ки шахс кадом навъи санъатро бояд арзёбӣ намояд. Яъне, санъат натиҷаи эҳтиёҷи инсон ба ҳамоҳангиву зебоист ва чун падидаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ боиси ташаккули шахсияти инсон мегардад.
Волидони ман омӯзгорони номӣ — Абдуқодир Хуррамов ва Умарохон Солеева (руҳашон шод бод) мебошанд, ки аз хурдӣ барои фарзандон муҳити маънавии мувофиқро дар оила фароҳам оварда буданд. Падарам соҳиби китобхонаи хеле ғанӣ буданд, ки дар он ғайр аз намунаҳои адабиёти Шарқ, дурдонаҳои беҳтарини адабиёти Ғарб низ ҷой доштанд. Барои ман ошноӣ бо асарҳои драматургони ҷаҳон — мисли Вилям Шекспир, Молйер, Лопе да Вега таассуроти амиқ гузоштааст. Шояд яке аз сабабҳои ба санъат, махсусан санъати театр зиёд шудани таваҷҷуҳи ман ин шоҳасарҳои сатҳи ҷаҳонӣ бошад.
— Аз мақола, гузориш, мусоҳиба, очерк ва дигар навиштаҳои шумо мушоҳида кардем, ки санъати театр ва санъати тасвирӣ аз мавзӯъҳои дӯстдоштаи шумо аст.
— Мушоҳидаи шумо дуруст. Воқеъан дар олами санъат ҳар як ҷараён ҷолиби диққат ва пурҷозиба мебошад. Масалан, дар театр санъати офаридани образҳо, ба тамошобинони нуктасанҷ намоиш додани асари саҳнавӣ нуктаи олии эҷодиёти актёр, яъне соҳибҳунари театр аст. Мусаввирӣ низ як навъи санъати тасвирист, ки ҳамчун асари бадеӣ тавассути рангҳо офарида мешавад. Умуман, паҳлӯҳои гуногуни санъат ҳаёти инсонро дар шаклҳои гуногуни зиндагӣ инъикос мекунанд.
— Ҳамчун эҷодкор чӣ ба шумо бештар илҳом мебахшад?
— Барои ман санъати театр як манбаи асосӣ ва пурасрори илҳому руҳбаландист. Чун дар санъати театр воқеият ба тарзи зинда ва таъсирбахш зоҳир мегардад ва он тавассути ҳамоҳангии матн, ҳаракат, садо ва нур ҷилвагар мешавад, мӯъҷизаи нотакроре ба вуҷуд меояд, ки он рамзи эҳсоси зебоӣ аст. Дар мақолаҳои илмӣ, ки ба масъалаҳои гуногуни санъати театр ва синтези санъати Шарқу Ғарб бахшида шудаанд, кӯшиш ба харҷ додаам, ки хусусиятҳои эстетикии санъати театрро дар мисоли намоишномаҳои он мавриди таҳлил қарор бидиҳам. Театр олами таъсирбахшест, ки бо таҷассуми муборизаҳо, эҳсосоти қаҳрамонон тарҳрезии саҳна ва ҳунари визуалӣ илҳоми амиқро фароҳам меоварад. Аз устоди арҷмандам, санъатшиноси маъруф, муаллифи асарҳои пурарзиш роҷеъ ба санъати театр, профессор Низом Нурҷонов хеле сипосгузорам, ки маро дар ҷодаи илми театршиносӣ раҳнамоӣ кардаанд.
— Боз киҳо шуморо дар ин ҷода роҳнамоӣ кардаанд?
— Чун сухан аз боби устодон меравад, бо камоли сипосгузорӣ аз омӯзгорони арҷмандам — Ботурхон Валихоҷаев, Раҳим Муқимов, Солеҳҷон Ҳалимов, Аслиддин Қамарзода, Ҳусайн Далилӣ, Талъат Абдуҷабборов, Муҳаммадӣ Ҳақбердиев, Хуршед Самеъбоев, Облоқул Бозоров ва дигарон ёдовар мешавам. Дар ташаккули шахсият ва қадамҳои ман дар ҷодаи илми санъатшиносӣ саҳми беандозаи донишмандони соҳаи фарҳанг — Низом Нурҷонов, Лутфия Айнӣ, Атохон Аҳроров, Мардон Шарофов, Аскаралӣ Раҷабов, Ҳазрат Сабоҳӣ беинтиҳост, зеро омӯзиши асарҳои ин олимони маъруф барои ман мактаби бузурги хештаншиносӣ гардидааст ва имрӯз аз ин шахсиятҳои арзанда сипосгузор ҳастам.
— Аз назари Шумо чӣ бояд кард, ки насли наврас ба санъат бештар меҳру муҳаббат пайдо кунад?
— Барои тақвият додани муҳаббати насли наврас нисбати санъат, бояд муҳит, имконият ва тарзи муаррифии санъат ҷолибу дастрас бошад. Аз ҷумла, шиносоӣ бо намудҳои гуногуни санъати тасвирӣ, театр, синамо, мусиқӣ ва рақс яке аз заминаҳои асосии таваҷҷуҳи ҷавонон нисбати санъат аст. Ташкили чорабинӣ ва озмунҳо, намоишгоҳҳои эҷодӣ, қадрдонии соҳибистеъдодҳо, ҳамчунин дар замони муосир пайвастани санъат бо технология низ воситаи маъруфияти санъат мебошад. Воқеан, санъат на танҳо ифодагари зебоӣ, балки воситаи тафаккур ва эҳсосот аст. Аз назари ман дар барномаҳои таълимӣ ҷой додани дарсҳои зебоишиносӣ низ мувофиқи талаби замон аст.
— Агар вақти холӣ пайдо шавад ба чӣ кор машғул мешавед?
— Дар вақти холӣ хондани намунаҳои барҷастаи адабиёт, ба мисли ғазалиёти Ҳофизу Румӣ, осори Томас Манн, Шекспир, Толстой ва Чеховро дӯст медорам. Шунидани оҳангҳои беназири Бах, Мотсарт, Шопен, навиштани мақолаҳо роҷеъ ба ҳунарпешагон ва мусаввирони соҳибистеъдод низ аз машғулотҳои доимии ман аст.
— Маслиҳати шумо ба шогирдон…
— Ба шогирдони азизи хеш, ки дар соҳаи маданият ва санъат фаъолият доранд, орзу дорам, ки бо маърифату ҳунар арзишҳои аслии зиндагиро ҳифз намоянд ва ба мардум рӯҳбаландӣ ато созанд. Дар роҳи ба мақсад расидан нерӯ ва иродаи устуворро соҳиб бошанд ва фарҳанги моро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.
— Моро бо нақшаҳои ояндаи худ шинос мекардед…
— Яке аз асарҳои илмие, ки солҳои зиёд мавриди таҳқиқоти ман қарор дорад, «Шоҳнома ва театр» мебошад, ки ҳоло дар арафаи нашр аст. Ҳамчунин, маҷмӯаи мақолаҳои худро, ки солиёни зиёд дар маҷаллаву рӯзномаҳои хориҷӣ ва ватанӣ чоп шудаанд, ба шакли китоб таҳия намоям. Эҳёи анъанаҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ, тарбияи тафаккур дар замони ҷаҳонишавии фарҳанг аз вазифаҳои асосист ва ман низ орзу дорам, ки дар ин ҷараён саҳмгузор бошам.
— Ба фикри Шумо зан кист ва рисолати ӯ аз чиҳо иборат мебошад?
— Зан ҳамчун пояи устувори иҷтимоӣ, меҳвари маънавӣ ва муҳофизи асили фарҳанг дар ҷамъият мавқеи арзишмандро соҳиб аст. Дар ҷараёни рушди маънавӣ, пойдории ахлоқи инсонӣ, ҳифзи арзишҳо шахсияти зан беназир аст. Зан интиқолдиҳандаи фарҳанг, анъанаҳо ва арзишҳои фарҳангӣ мебошад, ки ҳоло дар замони ҷаҳонишавии фарҳанг нақши ӯ дар тарбияи тафаккур чун унсури асосии пешрафти ҷомеаи мутамаддин аст.
— Ба фикри шумо, чаро ҳоло мардум ба театр кам мераванд?
— Сабаби кам таваҷҷуҳ намудани тамошобинон ба театр, аз назари ман, афзалиятҳои фарҳангӣ, рақобат бо воситаҳои ахбор ва технологияи рақамӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва қисман сатҳи намоишҳо аст. Роҳи ҳалли ин масъала баланд бардоштани сатҳи маърифати эстетикӣ мебошад, ки яке аз онҳо дар барномаи мактабҳо ҷой додани соатҳои махсус аз зебоишиносист. Мутобиқсозии барнома бо талаботи замон, истифодаи шакли нави технологияи муосир, муҳити мутаносиби фароғатӣ низ ба ҳалли ин масъала мусоидат хоҳад кард. Ман солҳои 90‑ум ба шаҳри Пярнуи Эстония сафари эҷодӣ доштам ва шоҳиди он будам, ки дар ин шаҳр театрҳои хурд бо мавзӯъҳои ҷолиб ва муҳити дилнишин доимо тамошобинони зиёд доштанд. Шояд ин таҷриба низ дар замони имрӯза шоистаи пайравӣ бошад.
— Таманноҳои Шумо ба иди бонувон…
— Аз фурсат истифода намуда, бонувони азизро бо иди байналмилалӣ — 8‑уми март табрик менамоям. Бигзор, доимо соҳиби нерӯи қавӣ, шоду сарбаланд ва сарчашмаи муҳаббату садоқат бошанд!
Мусоҳиб Зоҳир ҲАСАНЗОДА
