Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки ҳоло шарҳ додан дар бораи интихоб шудани Муҷтабо Хоманаӣ ба ҳайси раҳбари нави олии Эрон барвақт аст.
«Мебинем, чӣ мешавад», — гуфт раҳбари Амрико дар мусоҳиба ба нашрияи The Times of Israel.
Ба гуфтаи Трамп, қарор дар бораи кай ба анҷом расидани низо бо Эрон, аз ҷониби ӯ ва сарвазири Исроил Бинёмин Нетанёҳу қабул карда мешавад.
Қаблан президенти ИМА дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии ABC News гуфта буд, ки раҳбари навбатии Эрон, агар Вашингтон ӯро қабул накунад, «муддати дароз дар ҳокимият боқӣ нахоҳад монд».
«Ман намехоҳам, ки одамон баъд аз панҷ сол боз ҳамин корро такрор кунанд ё, аз ҳама бадтар, онҳо соҳиби силоҳи ҳастаӣ шаванд», — таъкид кардааст Трамп.
