Аз рӯзи 9-уми март нархи нафти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ марзи 100 долларро гузашта, ба баландтарин сатҳи худ аз замони ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 расид. Он замон ҳам нархи як бушкаи нафт аз 100 доллар фаротар рафта буд.
Дар пайи шадид шудани даргириҳо дар Ховари Миёна, ки бо ҷанги Амрикову Исроил алайҳи Эрон оғоз шуд, субҳи имрӯз нархи як бушкаи нафт “Брент” ба беш аз 25 дарсад афзоиш ёфта, ба наздики 120 доллар расид. Вале пасон нархи он каме коҳиш ёфт ва ба 106,60 доллар баргашт.
Арзиши як бушка нафти WTI-и Амрико имрӯз 13,5 дарсад зиёд ва ба 103 доллар баробар шудааст.
Ба навиштаи “Financial Times”, дар пайи афзоиши босуръати қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳон, вазирони молияи кишварҳои Гурӯҳи Ҳафт (G7) имрӯз ҷаласаи изтирори баргузор карда, роҳҳои пешгирии онро баррасӣ мекунанд.
Маҳдуд шудани рафтуомади киштиҳо тариқи тангаи Ҳурмуз, ки тақрибан як панҷуми нафти содиротии ҷаҳон аз он мегузарад, суръати болоравии қимати нафтро бештар кардааст. Тибқи иттилои ширкати тадқиқотии “Rystad Energy”, ҳамарӯза аз ин гулӯгоҳ ҳудуди 15 миллион бушка нафти хом ё 20 дарсад таъминоти ҷаҳонӣ убур мекунад.
