Ovozi.uz

Маркази тамаддуни исломӣ ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил шуд

Маркази тамаддуни исломӣ дар Ӯзбекистон аз рӯи номгӯи «Бузургтарин осорхонаи тамаддуни исломӣ» ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил карда шуд. Дар ин бора хабаргузории «Дунё» хабар дод.

Таъсиси ин марказ ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев буда, ба омӯзиши амиқ ва таблиғи васеъи мероси ғании тамаддуни исломӣ нигаронида шудааст.

Масоҳати ин марказ, ки дар қаламрави маҷмааи Ҳазрати Имом ҷойгир аст, 10 гектар, дарозии бино 161 метр, бараш 118 метр, баландии гунбаз 65 метр ва масоҳати умумии утоқҳо қариб 50 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Маҳз ҳамин хусусиятҳо асоси рекорди ҷаҳониро ташкил доданд.

Шаҳодатномаи шомил шудани марказ ба Китоби рекордҳои Гиннесро намояндаи ин ташкилот Шайда Субашӣ бо тантана супорид.