Имрӯз дар Самарқанд мусобиқаи байналмилалии гимнастикаи бадеӣ «EAST CUP & OLYMPIC STARS» оғоз ёфт. Ин мусобиқаи бонуфуз беш аз 450 варзишгарро аз 12 кишвар ба худ ҷалб намуда, мукофоти пулиаш 3 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Пеш аз мусобиқа анҷумани матбуотӣ баргузор гардида, дар он Зарина Абдуллоева, президенти Ассотсиатсияи байналмилалии клубҳои варзишӣ ва мураббии собиқадори Ӯзбекистон, дар бораи мусобиқа маълумот дод.
— Барои бисёре аз варзишгарон, ин мусобиқа имконият барои шиносонидани худ дар саҳнаи ҷаҳонӣ мебошад, — гуфт ӯ. — Намоиши муваффақиятнок таваҷҷӯҳи мураббиён, сарпарастон ва намояндагони созмонҳои варзиширо ба худ ҷалб намуда, имкониятҳои нави касбиро мекушоянд. Ман боварӣ дорам, ки ҳар яки духтарон тавассути мусобиқаи мазкур таҷрибаи фаромӯшнашавандаиеро ба даст меоранд.
Бояд таъкид намуд, ки ин мусобиқа қисми як силсила мусобиқаҳо мебошад: аввалин мусобиқа соли гузашта дар Маскав, дуюмӣ дар Гуанчжоуи Чин бомуваффақият ташкил карда шуда, сеюмин мусобиқаи сатҳи Гран-при дар Самарқанд баргузор мешавад.
Мусобиқаи «EAST CUP & OLYMPIC STARS» дар ҷаҳони гимнастикаи бадеӣ як чорабинии аҷиб мешавад, ки варзишгарони боистеъдодро аз 57 клуб, ки бисёре аз онҳо бори аввал ба кишвари мо ташриф меоранд, гирд меорад.
— Ин бори аввал аст, ки мо дар Ӯзбекистон ҳастем ва ростӣ, аз истиқболи гарм ҳайрон шудем, — гуфт Татяна Короткова, мураббии шоистаи Клуби варзишӣ ва эстетикии кӯдакону наврасони «Каскад» аз Толяттии Русия. — Ҳашт гимнаст, аз 7 то 11-сола, дар мусобиқа ширкат меварзанд. Ҳар кадоме як барномаи яккаро иҷро мекунанд, аммо мо инчунин барои тамошобинон сегона омода кардем.
Клуби мо «Каскад» аз соли 2010 фаъолият мекунад, ки дар ин муддат мо беш аз даҳ варзишгари номзад ба устоди варзишро тарбия кардем. Танҳо дар соли ҷорӣ гимнастҳои мо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Италия, Дубай ва Чин сафар карданд. Барои мо, иштирок дар ин мусобиқа на танҳо имконияти нишон додани маҳорати худ, балки марҳилаи муҳим дар рушди онҳост. Ман боварӣ дорам, ки чунин мусобиқаҳо барои гимнастҳо дарҳои ҷаҳони варзиши элитаро боз мекунанд ва таҷрибаву дурнамои беназирро фароҳам меоранд. Ҳунарнамоӣ дар назди ҳакамони сахтгир ва рақобат бо гимнастҳои беҳтарини ҷаҳон онҳоро қавитар месозад. Ҳар як чунин сафар як қадами пешрафт дар рушди касбии онҳост.
Мусобиқа аз ҷониби Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлим, Вазорати варзиш, Ассотсиатсияи байналмилалии клубҳои варзишӣ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд сарпарастӣ шудааст.
Мусобиқа аз 22 то 23-юми ноябр баргузор мешавад. Ҷиҳати муҳими мусобиқаи имсола барномаи васеъшуда буда, на танҳо машқҳои якка, балки гурӯҳиро низ дар бар мегирад. Ғолибон, ҷоизадорон ва мураббиёни онҳо ҷоизаҳои пулӣ ва мукофотҳои арзишманд мегиранд.
