Ovozi.uz

Қадрдонии ходимони маданият ва санъат

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи июни соли 2020 Қонун «Дар бораи ҷашн гирифтани рӯзи ходимони маданият ва санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон» имзо гардида буд.  Бино ба он 15-уми апрел «Рӯзи ходимони маданият ва санъат» эълон гардида, ҳар сол ин санаро пешвоз мегиранд.

Дар ин рӯз як қатор ходимони маданияту санъат, ки дар ривоҷу равнақи санъату маданияти Ӯзбекистон ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд, эъзоз ва эҳтиром карда мешавад.

Дар шаҳри Самарқанд низ бахшида ин сана чорабинӣ ташкил гардид.

Дар аввали чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев ходимони соҳаро бо иди касбиашон табрик ва ба корҳои ояндаи онҳо комёбиҳо, ба оилаҳояшон осоиштагиву фаровонӣ таманно намуд.

Таъкид гардид, ки имрӯзҳо вилояти мо ба чорабиниҳои бузурги миқёси ҷаҳонӣ мизбонӣ мекунад, фестивал, форум ва анҷуманҳое, ки гузаронида мешаванд, дар қатори мустаҳкам намудани ҳамкории минтақавӣ, ба густариши иштироки аҳли эҷод дар майдони байналхалқӣ мусоидат мекунанд.

Сипас, ба эҷодкорони аз ҳама фаъол ташаккурнома ва тӯҳфаҳои хотирмони ҳокими вилоят супурда шуд.

— Солҳои зиёд дар соҳаи театр ва санъат фаъолият нишон медиҳам, — гуфт роҳбари бадеии теари драмаи мусиқии вилоят Искандар Султонов. — Солҳои охир ба соҳаи мо эътибори хоса зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, базаи техникии моддии марказҳои маданият ва санъат беҳтар ва ба дастгирии эҷодкорон эътибори алоҳида дода шуд. Шодам, ки имрӯз меҳнатҳои чандинсолаи ман эътироф гардиданд.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи консертӣ баргузор шуд.