Мусобиқаи байналхалқии электромонтёрҳои шабакаҳои тақсимоти кишварҳои туркзабон, ки дар Самарқанд баргузор шуд, ба анҷом расид.
Дар он электромонтёрҳои ботаҷрибаи Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тотористон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд. Дар ин озмун намояндагони Туркия ва Тоҷикистон ба ҳайси нозир ширкат доштанд.
Аз рӯи натиҷаи озмун, дастаи Озарбойҷон, ки дар ин озмун бо ғояҳои навоварона дар соҳа ширкат дошт, соҳиби Ҷоизаи Гран-при гардид. Иштирокчиёни Ӯзбекистон ҷои якум, намояндагони Қирғизистону Тотористон ҷои дуюм ва иштирокчиёни Қазоқистон ҷои сеюмро гирифтанд.
Ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби ташкилотчиён бо тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд.
