Дар Донишгоҳи техникии ҷангали Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Хитой барои омӯзгорони таҳсилоти касбии вилояти Самарқанд курсҳои такмили ихтисос дар соҳаи «Нигоҳдорӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёти барқӣ» оғоз гардиданд.
Мақсади лоиҳа мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз худ кардани таҷрибаҳои беҳтарин ва афзоиши иқтидори кадрҳои миллӣ дар соҳаи технологияҳои муосири энергетикӣ мебошад. Ин ташаббус дар доираи «Як фазо, як роҳ» амалӣ карда мешавад.
Барномаи таълимӣ донишҳои назариявӣ, омӯзиши амалӣ ва шиносоӣ бо ҷараёнҳои корхонаҳои бузурги истеҳсолиро дар бар мегирад.
Дар маросими ифтитоҳи курсҳо намояндаи Садорати таълими касбии вилояти Самарқанд Ғайрат Норқулов ва намояндагони ташкилотҳои ҳамкори хитоӣ ширкат варзиданд.
