Ovozi.uz

Беҳтарин смартфонҳои сол эълон шуданд

Тибқи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли ҷорӣ, «iPhone 17 Pro Max» ҳамчун пуриқтидортарин телефон эътироф шуд.

Дар ин бора портали «Tom’s Guide» хабар дод.

Мувофиқи хабар, «iPhone 17 Pro Max» ҳамчун пуриқтидортарин телефон эътироф шуд. Коршиносон қайд карданд, ки ин модел аз сабаби суръат, муҳлати тулонии батарея, интерфейси мусоид ва камераи баландсифаташ сазовори ҷои аввал шудааст.

Ҳамчунин, «Samsung Galaxy S26 Ultra» ҳамчун рақиби бузургтарин дар байни телефонҳои Android интихоб шуд. Ин модел бо экрани калон ва камераи пуриқтидори зум, ки имкон медиҳад аз масофаи дур аксҳои хуб гиред, машҳур аст.

Ғайр аз ин, «Google Pixel 10a» аз рӯи нархи миёна беҳтарин телефон номида шуд. «Google Pixel 10 Pro» ҳамчун «донотарин» телефон интихоб шуд. Сабаби ин имкониятҳои зеҳни сунъии смартфон аст.

Дар байни «Apple», «iPhone 17» ҳамчун модели мутавозинтарин ва дар байни Android «OnePlus 15» эътироф шуданд. «Google Pixel 10» ҳамчун арзонтарин телефони дорои камераи хуб ва зуми оптикӣ интихоб карда шуд. «Nothing Phone 4a Pro» ҳамчун телефони бо тарҳи зебо эътироф карда шуд.