Ovozi.uz

Мусобиқаи FIDE Grand Swiss ба поён расид

Чи тавре, ки хабар дода будем, аз 3 то 15-уми сентябр дар Самарқанд мусобиқаи “FIDE Grand Swiss” баргузор шуд.

Дар маросими анҷоми мусобиқа президенти FIDE Аркадий Дворкович, директори Агентии кор бо ҷавонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҷонишини раиси Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон Алишер Саъдуллоев ва ҳокими вилоят Адиз Бобоев иштирок карданд.

Дар ин мусобиқа ҳамагӣ 172 шатранҷбози пурқувват ва машҳури ҷаҳон аз 39 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Дар мусобиқа аз мамлакати мо 14 нафар шоҳмотбозон (9 мард, 5 зан) иштирок карданд. Аз рӯи натиҷаҳои озмун байни мардҳо:

Ҷойи якум ба Гири Аниш – Ҳолланд;
Ҷойи дуюм ба Блубаум Маттиас – Олмон;
Ҷойи сеюм ба Фирузҷа Алиризо – Фаронса насиб гардид.

Дар байни бонувон:

Ҷойи якумро Вайшали Рамешбабу – Ҳиндустон;
Ҷойи дуюмро Лагно Катерина – FIDE
Ҷойи сеюмро Ассубоева Бибисара – Қазоқистон ба даст оварданд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 855 ҳазор доллари амрикоиро (625 000 барои мардон, 230 000 барои занон) ташкил медиҳад.

Гири Аниш аз Ҳолланд бо 8 имтиёз дар ҷадвали ТОП-10 шатранҷбозон мақоми 1-ум ва ҳамватани мо Нодирбек Абдусатторов бо 7 имтиёз дар ҷои 10-ум қарор гирифт.