Дар ноҳия Тайлоқ ба муносибати «Рӯзи муаллимону мураббиён» таҳти шиори «Ноҳияамонро ба гулзор табдил медиҳем» Фестивали гулҳо барпо гардид.
Байни номинатсияҳои сершумор дар доираи фестивал аксияҳои “Самарқандро гулпӯш мекунем! 1+10” ва “Ҳар як донишҷӯ гули худро дошта бошад!” ҳаракати дӯстдорони ҷавони гул ҷои махсусро ишғол кард. Ба ин муносибат зиёда аз 40 ҳазор, беш аз 50 намуд гул ва тухмии онҳо, ки дар боғи хона-музеи Ориф Гулханӣ парвариш карда шудаанд, инчунин китобҳое, ки бахшида ба шоири равшанфикр Ориф Гулханӣ ва авлоди имрӯзаи ӯ аз нашр баромадаанд, ҳамчун туҳфа ба муассисаҳои таълимии томактабӣ ва мактабӣ тақсим карда шуданд.
Бояд таъкид намуд, ки чунин фестивал дар ноҳияи Тайлоқ қаблан – соли 2018 низ баргузор шуда буд.
Фестивалро ҳокими ноҳия Бекзод Раҳматуллоев ифтитоҳ бахшида, ҳозиронро самимона табрику таҳният гуфта, аз корҳои маънавӣ-маърифатии дар минтақа амалигардида ва лоиҳаҳои васеъмиқёси ободонию кабудизоркунӣ маълумот дод. Ӯ қайд кард, ки барпо намудани гулзорҳо вазифаи муҳимми ҳар як ташкилоту муассиса мебошад.
Минбаъд назди шӯъбаи кабудизоркунии ноҳия барои парвариши гул ва дигар намуди наботот бунёд шудани гармхонаи махсус дар назар аст. Ин роҳ талаботи ноҳияи Тайлоқро ба гулу ниҳолҳо пурра қонеъ гардонидан имкон медиҳад.
Ба сухан баромадагон тақозои замон будани гузаронидани чунин чорабинии «сабз»-ро таъкид намуда, иброз доштанд, ки он на танҳо ба тарбияи ҷавонон таъсири мусбат мерасонад, балки дар онҳо ҳисси муҳаббат ва масъулиятшиносӣ нисбат ба табиатро ташаккул медиҳад. Ҳамзамон қайд карданд, ки чунин иқдомҳо дар таъмини тозагии муҳити зист, нигоҳ доштани мувозинати экологӣ ва роҳнамоии аҳолӣ ба тарзи ҳаёти солим нақши муҳим доранд.
Инчунин, дар доираи аксияи китоби «Ба мактаби азизам китоб мебахшам!» китобҳои омоданамудаи ҳокимият ба тамоми мактабҳои ноҳия тақдим карда шуданд. Суруду рақсҳо, қироати шеърҳо бахшида ба Ватан, гулу гулзору табиат ба чорабинӣ шукӯҳи хоса бахшиданд.
Роҳбарияти ноҳия ва хона-музеи ба номи Ориф Гулханӣ ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда ҳамкориву робитаҳоро таҳким бахшанд.
Фестивали гул, ки дар ноҳияи Тайлоқ баргузор шуд, на танҳо як намоишгоҳи бошукӯҳ ва ё ҷашни гулҳо, балки як дарси маънавие буд, ки барои насли наврас аҳамияти бузурги тарбиявӣ дорад.
Шинонидан ва нигоҳубини гул ба бачагон ҳифзи табиат, қадри меҳнат, сабру тоқат ва масъулиятро меомӯзад. Дидани ниҳоли гул дар дасти ҳар як донишомӯз дар дили ӯ ҳиссиёти нав бедор кард: меҳру муҳаббат, меҳнатдӯстӣ ва садоқат ба Ватан.
Ҳамин тариқ, фестивал на танҳо зебоии минтақаро афзун намуд, балки дар зеҳни насли наврас тухми шукуфоии маънавӣ кошт.
P.S. Аксияи «Самарқандро гулпӯш мекунем! 1+10» ва ҳаракати дӯстдорони ҷавони гулҳо «Ҳар як донишҷӯ гули худро дошта бошад!» бо ҳамкории шуъбаи Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар Самарқанд, шуъбаи вилоятии Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ ва хона-музеи ба номи Ориф Гулханӣ амалӣ мегардад.
Чорабинии мазкурро рӯзномаҳои вилоятӣ – «Зарафшон», «Самаркандский вестник», «Овози Самарқанд», инчунин телерадиокомпанияи Самарқанд дастгирӣ мекунанд.
