Рӯзи 15‑уми сентябри соли равон Президент Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд бо омӯзгорон ва мураббиён мулоқот кард.
Роҳбари давлатамон дар чорабинӣ ба як гурӯҳ кормандони сохтори таълиму тарбия, ки намунаи алоҳида нишон додаанд, мукофотҳои давлатиро бо тантана супурд ва масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, боз ҳам дастгирӣ намудани омӯзгорон ва мураббиёнро баррасӣ кард. Аз ҷумла, роҳбари давлатамон дар оғози сухани худ ҳамаи омӯзгорон, профессор ва устодон — ҷамоаи як миллион нафараи педагогонро, ки ҳаёти худро ба кори дар дунё бузург – додани таълим ва тарбия ба насли наврас мебахшанд, бо ин иди муборак самимона табрик намуд.
Таъкид гардид, ки тӯли ҳашт соли охир дар соҳаи таълим ва тарбия корҳое, ки даҳсолаҳо сарф мешаванд, амалӣ гардида, ба натиҷа ва муваффақиятҳои бузург муяссар шуданд.
«… иқтисодиёт ҳар қадар мустаҳкам шавад, таълим ривоҷ меёбад. Дар мамлакате, ки сифати таълим баланд аст, рушди иқтисодиёт барқарор мешавад. Ин — қонуни ҳаёт!», — гуфт роҳбари давлатамон.
«Иқтисодиётамон барқарор ривоҷ меёбад, ресурс ва захираҳоямон низ кифоя аст. Баланд бардоштани сифати таълим ва беҳдошти шароити меҳнату зиндагии устоду мураббиён самти устувори ислоҳотҳоямон мешавад. Чунки соҳаи муҳимтарин дар Ӯзбекистони Нав таълим аст, инсонҳои ҳурматашон баланд — омӯзгор ва мураббиён!», — таъкид кард Президент.
Роҳбари давлатамон барои тарбиятгарони кӯдакистон навгонии муҳимро гуфт. Дар ҳоли аз кор сабукдӯш нашуда, таҳсил гирифтани тарбиятгарони кӯдакистонҳои давлатӣ ва хусусиро дар мактабҳои олӣ роҳандозӣ мекунанд ва ҳар сол 10 ҳазор нафар тарбиячӣ маълумоти олӣ мегирад.
Боз як навгонӣ. Дар ҳар як вилоят чун мактабҳои Президент кӯдакистонҳои «Авлоди нав» ташкил намуда, дар онҳо тарбиячиён технологияҳои педагогии замонавиро меомӯзанд. Аз ҳама муҳим, барои омӯхтани методикаҳои нав дари масканҳои мазкур барои тарбиячиҳои кӯдакистонҳои хусусӣ низ доимо кушода мешавад.
«Ояндаи халқамон аз мактаб оғоз мегардад. Чунки зинаи ҳалкунанда ва аз ҳама бисёр идомаёбандаи ба фарзандонамон дониш ва тарбиядиҳанда таълими мактаб аст», — гуфт Президент. Аз оғози соли таҳсили нав дар даври мактаб ба қобилияти донишомӯзон нигоҳ карда, барои ба касб ё ки самти таълими олӣ равона намудани донишомӯзони синфҳои 9 ва 11‑ум имтиҳонҳои ягонаи давлатӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Ба воситаи он наздик ба 400 ҳазор хатмкунандагони синфи 9 дар техникумҳо таҳсил мегиранд. Мухтасар гӯем, хатмкунандагон хоҳанд бо натиҷаҳои имтиҳонҳои ҷамъбастии мактаб ба техникум ё ки мактаби олӣ дохил шуда метавонанд.
Ният, мақсади аз ҳама калонам — ба таълим ва боз як маротиба ба таълим эътибор дода, сафи ин хел омӯзгорони ҷавони боистеъдод ва фидоиро васеъ кардан аст. Барои ин тайёр ҳастам ҳамаи шароитҳоро фароҳам оварам», — гуфт Президент. «Мо ҷавононамонро на танҳо ҳамнафаси замон, балки барои ба оянда тайёр шудан тарбия диҳем. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ки оянда — аз они соҳибони касби нав ва донишҳои замонавиро азхудкарда мешавад», — гуфт роҳбари давлатамон.
Қайд гардид, ки соли 2026 соли ба касбу ҳунарҳои замонавӣ омӯзондани ҷавонон мешавад.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки таълими дуалӣ 5 баробар зиёд хоҳад шуд. Дар айни ҳол хеле муҳим будани омӯхтани забонҳои хориҷӣ барои азхуд намудани технологияҳои нав, мулоқоти озод бо сармоягузорони хориҷӣ таъкид гардид. Бинобар ин соатҳои дар техникумҳо барои забонҳои хориҷӣ пешбинишуда 4 маротиба зиёд карда мешаванд. Умуман, аз соли оянда платформаи нави рақамиро ба кор меандозанд. «Мақсади мо аз ташаббусҳои нав чист?» Агар ҳар як бачаро ба воситаи касбу ҳунар соҳибдаромад кунем, рӯзгори ҳамаи оилаҳо бутун ва дар маҳаллаҳо тинҷӣ ҳукмрон мешавад. — гуфт Президент.
Дар ҳашт соли охир шумораи мактабҳои олӣ аз 77 ба 202‑то, донишҷӯён аз 250 ҳазор ба 1,5 миллион нафар расиданд. Дар таълими олӣ иллати хеле манфии «ба хондан даровардан» пурра барҳам шуд. Барои ҷавонон ҳангоми дохил шудан ба мактаби олӣ имконияти интихоб афзун гардид.
Таъкид карда шуд, ки мақсади асосии ислоҳотҳо дар таълими олӣ ба хаби таълими минтақавӣ ва илму фан табдил додани Ӯзбекистон аст. Шумораи донишҷӯёни хориҷиро 5 баробар зиёд намуда, содироти таълим ба 200 миллион доллар расонда мешавад.
Президент ташаббусҳои наверо ба пеш гузошт, ки ба боз ҳам дастгирии педагогҳо нигаронда шудаанд:
— аз соли нав ба педагогҳои тоифаи олӣ, ки камаш 15 сол собиқаи корӣ доранд, 25 дарсади бадали ибтидоии кредити ипотекавиро пардохта медиҳанд;
— дар соли таҳсили оянда ба суммаи шартномаи контракти фарзандони педагогҳо, ки ба мактабҳои олии давлатӣ дохил шудаанд, 30 дарсад тахфиф дода мешавад;
— аз соли оянда барои педагогҳо пардохти хизматҳои давлатиро 2 маротиба кам мекунанд;
— ба онҳое, ки зинаи бакалаврро бо дипломи имтиёзнок хатм намуда, ба мактаб ба кор меоянд, ба тарзи автомати тоифаи 2‑юми малака, ба магистрҳо тоифаи 1‑уми малака медиҳанд;
— ба педагогҳое, ки ба мактабҳои олии ТОР‑300 дунё дохил шудаанд, то 20 ҳазор доллар кредити имтиёзноки таълим пешбинӣ мешавад.
«Имрӯз мо дар Ӯзбекистони Нав сохтмони пойдевори Ренесанси Саввум ном кори бағоят бузург ва бошарафро оғоз намудем, ки аз ҳама пеш, ба шумо — устодони азиз ва шогирдонатон такя мекунем.
Бовариам комил аст, ки бо шумо якҷоя аз таҳти дил ҳаракат кунем, мӯъҷизаи рушди Ӯзбекистони Навро албатта, бунёд карда метавонем. Бо шумо, халқу диёрамон якҷоя ба марраҳои баланд, ки дар наздамон гузоштаем, албатта мерасем!», — гуфт роҳбари давлатамон.
Президентамон дар анҷоми сухани худ ба омӯзгорону мураббиён сиҳату саломатӣ, қувваю ғайрат, дар фаъолияти ғоят бомасъулият ва шарафнок зафарҳои бузург, бахту саодати оилавӣ хост.
Мулоқоти мазкури Президентамон бо омӯзгорону мураббиён мо — роҳбарони ташкилотҳои ҳизбӣ, намояндагони халқи шӯроҳои маҳаллӣ, электорати самарқандии ҳизби халқӣ-демократиро ба ҳаяҷон овард. Чунки дар чорабинӣ эътибори асосӣ ба дастгирии ҳаматарафаи омӯзгору мураббиён, барои онҳо фароҳам овардани шароит ва ба воситаи онҳо ба воя расондани авлоди ояндаи донишноку илмнок, ба воситаи дониш ба қатори давлатҳои мутараққӣ дохил намудани диёри мо, таъмини фаровонии халқамон иборат аст. Шӯрои вилоятии Ҳизби халқӣ-демократӣ, шӯроҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и депутатҳои шӯроҳои маҳаллии аз ҲХДӮз интихобшуда, дар ин самт сиёсати одилонаи Президентамонро пеш мебаранд, дастгирӣ мекунанд ва дар назди электорати худ ба таври доимӣ чорабиниҳои тарғиботӣ мегузаронанд.
Бадриддин НАСРИЕВ,
раиси Шӯрои вилоятии ҲХДӮз, депутати Шӯрои вилоят.
