Солҳои охир саноати фармасевтии мамлакатамон ҳамаҷониба дастгирӣ гардида, маблағҳои калон ҷудо ва минтақаҳои дорусозӣ ташкил шуданд. Аммо онҳо пурра истифода намешаванд, мегӯяд президенти кишвар.
Маҳаллигардониро васеъ намуда, лоиҳаҳои тадбиркоронро дастгирӣ кардан ва хариди маҳсулотҳои онҳоро таъмин кардан лозим аст.
Иҷрои ин супоришҳои сарвари давлатамон дар ҳокимияти вилоят баррасӣ гардид.
- Бо назардошти он, ки 16,2 фоизи воридоти вилоятро маҳсулоти дорусозӣ ташкил медиҳад, фаҳмидан душвор нест, ки истеҳсоли доруворӣ ва маҳсулоти тиббӣ то чӣ андоза муҳим аст, — гуфт Эркинҷон Турдимов.
Ҳокими вилоят ба ҳокимони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дастгирии корхонаҳои мавҷудаи ин бахш, таҳияи лоиҳаҳои нави дорусозӣ бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ супориш дод.
