Қувваҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар давоми се моҳи аввали мубориза бо Эрон то 2,9 миллиард доллар зарар дидааст. Дар ин бора The Wall Street Journal хабар медиҳад.
Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи собиқ ҷонишини вазири мудофиаи ИМА Элейн Маккаскер, зарари ба техникаи ҳарбии Амрико расида ва арзиши иваз кардани таҷҳизоти осебдида аз 1,4 миллиард то 2,9 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.
Мувофиқи навиштаи WSJ, арзёбии баландтар бо осеб дидани радари Қатар, ки дар пойгоҳи Қувваҳои мусаллаҳи ИМА ҷойгир аст, вобаста мебошад. Қисми асосии зарар дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакӣ ва дронҳои Эрон расидааст.
Ёдовар мешавем, ки 28-уми феврал ИМА ва Исроил амалиёти ҳарбӣ алайҳи Эронро оғоз карда буданд.
