Ovozi.uz

Ҳокими вилоят бо нишони сарисинагии «Маҳалла ифтихори» сарфароз гардонида шуд

Адиз Бобоев барои саҳми арзанда дар рушди низоми маҳалла, таъмини ободӣ ва некӯаҳволӣ дар ҳудудҳо, ба роҳ мондани мулоқоти ошкоро бо аҳолӣ ва мустаҳкам кардани нақши маҳалла дар ҳаёти ҷомеа бо нишони сарисинагии «Маҳалла ифтихори» (Ифтихори маҳалла) сарфароз гардонида шуд.

Ба муносибати 35-солагии истиқлолият дар вилоят ҳамагӣ 76 бинои маҳалла сохта ва ба истифода дода шуд, инчунин 245 бинои мавҷуда таъмир ва навсозӣ гардид. Илова бар ин, 303 маҳалла бо маҷмӯи компютер, 158 маҳалла бо мебели нав таъмин гардид. Дар 302 маҳалла панелҳои офтобӣ насб ва дар 394 маҳалла китобхонаҳо ташкил карда шуданд.

Ин қадрдонӣ ифодаи амалии ҳамкории самарабахш дар роҳи рушди низоми маҳалла ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон гардид.