Дар Хонаи матбуоти вилоят мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷалби мутахассисони ҷавон ба ВАО – таҷриба ва амалия», инчунин чорабинӣ бахшида ба супоридани сертификат ба хатмкунандагони «Мактаби маҳорати журналистӣ»-и назди шӯъбаи вилоятии Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон баргузор гардид.
Бояд тазаккур дод, ки «Мактаби маҳорати журналистӣ» кори худро аз соли 2006 дар назди рӯзномаи «Зарафшон» оғоз кардааст. Ҳоло ин мактаб дар назди шӯъбаи вилоятии Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон фаъолияташро идома медиҳад. То ин дам дар мактаб қариб 270 нафар донишҷӯёну хоҳишмандон таҳсил кардаанд.
Дар баромади худ Тошев қайд кард, ки рӯзноманигорӣ касби мураккаб аст. То хоҳиш набошад, ҳеч кас онро ба шахси дигар ёд дода наметавона. Мо ҳам ба шумо ёд не, фақат роҳ нишон додем. Рӯзноманигори асил шахси поктинату заҳматписанд, босабру қаноат, хоксор мешавад. Он гоҳ бемалол ба муваффақияҳо ноил мегардад.
Дар чорабинӣ Журналисти шоистаи Ӯзбекистон Фармон Тошев, раиси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Акрам Ҳайдаров, сардори Садорати ахборот ва коммуникатсияи оммавии вилоят Манноб Ибодуллоев ва рӯзноманигорони дигар роҷеъ ба ҷалби мутахассисони ҷавон ба соҳаи матбуот фикрҳои худро баён карданд.
Дар охири чорабинӣ ба 15 нафар иштирокчиён шаҳодатномаҳои хатм намудани «Мактаби маҳорати журналистӣ» супорида шуд.
