Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим моҳи ноябрро дар ҷумҳурӣ «Моҳи мубориза бо браконерӣ» эълон кардааст.
Мақсад аз ин таъмини риояи қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи ҳифзи табиат», «Дар бораи ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва истифода аз он» инчунин андешидани чораҳои қатъии зидди шикорӣ мебошад.
Тӯли як моҳ дар ҳама минтақаҳои табиии муҳофизатшаванда, инчунин дар биёбонҳо, ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ ва обанборҳои табиии ҷумҳурӣ рейд гузаронида мешаванд.
Ғайр аз ин, дар ҳар як минтақа барои гузаронидани рейдҳо гурӯҳҳои оперативӣ таъсис дода шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда оид ба риояи қоидаҳои истифодабарии олами набототу ҳайвонот, шикор ва моҳидорӣ амалӣ мегарданд.
Вазорати экология бори дигар хотиррасон мекунад, ки ҳама гуна намуди шикори ғайриқонунӣ тибқи қонун ҷавобгарии қатъиро ба бор меорад. Агар шумо шоҳиди шикори ғайриқонунӣ бошед, лутфан ба Вазорати экология тавассути телефонҳои (71) 207-11-07, (71) 207-11-08, рақамҳои кӯтоҳи 1157, 1207 ё тавассути @ecogovuz_bot хабар диҳед.
