Дар тақдимоти лоиҳаи ин марказ, ки дар шаҳри Самарқанд ташкил карда шуд, ҷонишини сарвазир, раиси Кумитаи оила ва зан-духтарон З.Маҳкамова, роҳбари Садорати оила ва зан-духтарони вилоят З.Саидова, олимаҳо, соҳибкорон ва магистр-инноваторони ҷавон ширкат варзиданд.
Рушди ҷомеа, пеш аз ҳама, ба соҳибилм, фаъол ва ташаббускор будани занону духтарон вобаста аст. Маркази инноватсия ва рушди салоҳияти зан-духтарон барои васеъ кардани имкониятҳои зеҳнӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии занон хизмат мекунад.
Дар марказ барои бонувон:
➖ Барномаҳои омӯзишӣ, ки ба дониш ва малакаҳои замонавӣ нигаронида шудаанд;
➖ Имкониятҳо барои такмили ғоя ва лоиҳаҳои инноватсионӣ;
➖ Тренингҳо оид ба соҳибкорӣ ва саводнокии молиявӣ;
➖ Лоиҳаҳои инноватсионӣ дар самти STEAM ташкил карда мешаванд.
Марказ барои кашфи истеъдод ва ташаббусҳои зан-духтарон хизмат мекунад.
