Ovozi.uz

Абдуқодир Ҳусанов дар «Манчестер Сити» бозигари беҳтарини моҳи март эътироф шуд

Тибқи натиҷаҳои овоздиҳии мухлисон, ҳамватанамон аз ҳамдастаҳояш Родри ва Ҷереми Доку пеш гузашт ва ин ҷоизаро ба даст овард.

Абдуқодир Ҳусанов дар тӯли моҳи гузашта дар бозиҳо мунтазам ва боэътимод бозӣ кард. Хусусан, фаъолияти мудофиа, бартарӣ дар мубориза барои тӯб ва суръати баланди ӯ дар майдон аз ҷониби мухлисони «шаҳрӣ» эътироф шудааст.

Қобили зикр аст, ки ин ҷоиза барои А. Ҳусанов дар соли 2026 дуюмин ҷоиза аст. Ӯ, инчунин дар моҳи январи соли ҷорӣ ҳамчун бозигари беҳтарини моҳи даста эътироф шуда буд.

Дар ин мавсим Абдуқодир Ҳусанов дар 21 бозӣ иштирок намуд.