Ҳар сол ҷӯйи Оби Раҳматро сокинони маҳаллаҳои гирду атрофи он бо роҳи ҳашар хуб мекунанд. Имсол ҳам сокинони маҳаллаи Боғи Баланд бо сарварӣ ва ташаббуси депутати Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Самарқанд Азиз Мунисов ин иқдоми некро идома доданд. Онҳо даруни ҷӯйро аз хоку лойҳо, ки дар оқибати боридани борон ва партовҳо, ки раҳгузарон ба он партофтаанд, тоза намуданд.
Ҷӯи Оби Раҳмат таърихи бисёрасра дорад. Он бо шифобахшии худ низ маъруф аст. Дар байни мардум вобаста ба ҷӯи «Оби Раҳмат» афсонаҳои гуногун паҳн шудааст. Инчунин, дар бораи шифобахш будани оби ин ҷӯ дар китобҳои «Қандия ё худ китоб-ул-қанд фи таърихи Самарқанд»-и Абӯ Ҳафс Насафӣ ва «Самария»-и Абу Тоҳирхоҷа маълумотҳоро хондан мумкин. Яке аз олимони маъруфи Самарқанд Хуршед Самибоев дар китоби «Таърихи Самарқанд» роҷеъ ба ин ҷӯи қадимӣ хотироти зерини худро навиштааст:
«Оби Раҳмат, ки аз чашма оғоз меёбад бениҳоят тоза ва зулол буда, сокинони лаби ҷӯ низ барои тоза ва озодагӣ, покиза нигоҳ доштани об пайваста ғамхӯрӣ мекунанд. Дар ҳар ду-се сол «ҳашар» ташкил намуда, ҷӯйро кофта, сатҳи чуқурии онро ба як меъёр нигоҳ дошта меоянд. Дар Оби Раҳмат моҳиҳо бисёр буда, одамон аз ҷойҳои муайяни он моҳӣ мегиранд. Ман ба соҳилҳои Боғи Майдон, Боғи Баланд ва Оби Раҳмат рафта, дар лаби ҷӯ нишаста, аз ҳавои тозаву оби зулолаш баҳраманд шудаам. Сарфи назар аз чуқурии ду метраи он, дурахшидани сангу реги қаъри шишагини об мисли марворид маро мафтун мекард.»
— Оби Раҳматро ҳар сол тавассути ҳашар тоза мекунем, — гуфт Воҳидҷон Ҷӯраев, сокини маҳаллаи Боғи Баланд. — Соҳибкорон аз ҷиҳати молиявӣ кӯмак расонида, мардикоронро даъват менамоянд. Солҳои 70-ум шахсан худам аз ин ҷӯй об менӯшидам. Ҳоло ҳолати як қисми ин ҷӯй бисёр хароб гардидааст. Ин ҷӯй дар замони Амир Темур ҳам маълуму машҳур будааст. Анҷирҳои Боғи Баландро деҳқонон бо ҳамин об обёрӣ мекунанд. Ба дигарон ҳам фоидаи бисёр дорад. Аммо бисёр одамон ба тозагии он риоя намекунанд. Дар ин гирду атроф баъзе нафароне ҳастанд, ки шароити вазнин доранд. Мо бо ҳамҷиҳатӣ, барои савоб ҳавлию ҷӯйҳои онҳоро низ дуруст карда медиҳем. Ин аввало обрӯи Самарқандамон ва Боғи Баланду гирду атрофи он мебошад.
Инчунин, вай таъкид намуд, ки агар ҳамаи сокинон бо ҳамҷиҳатӣ зуд-зуд ҷӯйҳоро тоза кунанд, Оби Раҳмат боз ба ҳолати қадимаи худ бармегардад ва дар он оби зулол ҷорӣ мешавад.
— 55 сол аст, ки дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунам. Ҳамаи аҳли оилаамон ногироёни гурӯҳи аввал аз рӯи нобиноӣ мебошанд. Дар дохили ҳавлиамон ҷӯи калони Оби Раҳмат гузаштааст ва он дар вақтҳои боришотӣ ба рӯи ҳавлӣ омада, ҳама ҷойро об зер мекунад. То қадри имкон даруни ҷӯйро чандин бор тоза кардем, аммо аз дигар тараф одамон ба он партов партофта, онҳоро об ба ҳавлиамон меоварад. Дар оқибати ин ҷӯйҳо пур шудаааст. Мо ҳама нафақахӯрон ҳастем ва аз масъулон барои ин масъаларо ҳал намудан кӯмак мехоҳем, — гуфт Норчучук Бурҳонова, сокини маҳаллаи Расадхона.
Корҳои ободонӣ дар сар-сари ҷӯи Оби Раҳмат то ҳол идома дорад.
