Ovozi.uz

Дар Ӯзбекистон аз 1-уми апрел чиҳо тағйир ёфтанд?

Дар Ӯзбекистон аз оғози моҳи апрели соли равон тағйироти зерин ҷорӣ карда шуд:

1. Соатҳои кории муассисаҳои тиббии давлатӣ ба ҳафтаи кории панҷрӯза гузаронида мешаванд;

2. Балҳои ҷарима на танҳо барои ҷаримаҳои навиштаи кормандони бехатарии ҳаракати роҳ, балки барои қонуншиканиҳои ошкоршуда аз ҷониби камераҳо ва радарҳо низ ҳисоб карда мешаванд;

3. Андозҳои аксизӣ барои маҳсулоти нафтӣ, сӯзишворӣ, чипсҳо, нӯшокиҳои газдор ва дигар молҳо зиёд карда мешаванд;

4. Пардохтҳо барои хидматрасонии давлатӣ, барқ ва дигар хидматрасониҳои коммуналӣ бояд тавассути кортҳо, онлайн ё тавассути терминалҳо анҷом дода шаванд;

5. Пардохтҳо барои объектҳои амволи ғайриманқул, воситаҳои нақлиёти тоифаҳои M, N, O ва G, ки на бештар аз 10 сол доранд, танҳо тавассути кортҳои бонкӣ ё системаҳои пардохти электронӣ анҷом дода мешаванд;

6. Мукофотпулиҳо барои собиқаи хидматии офитсерон 2 баробар зиёд хоҳанд шуд;

7. Дар ҳамаи фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ системаи баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷорӣ карда мешавад;

8. Ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ба мӯҳлати 3 сол барои харидани таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ барои кирмакпарварӣ то 50 баробари миқдори ҳисоби базавӣ ссудаҳои бефоиз дода мешавад;

9. Ба соҳибкороне, ки анҷуман ва чорабиниҳои байналмилалиро ташкил ва ҳадди аққал 100 сайёҳи хориҷиро ҷалб мекунанд, 50 фоизи андози қимати иловашудаи пардохткардаи онҳо баргардонида мешавад.