Ovozi.uz

Соли 2026 барои сайёҳии Самарқанд даври нав мешавад

Ин нукта дар тақдимоте, ки соли равон ба рушди иқтидори сайёҳии вилоят, аз ҷумла сайёҳии зиёратӣ бахшида шуда буд, таъкид гардид.

Ҳокими вилоят А.Бобоев ҳангоми шиносоӣ бо тақдимоти пешниҳодкардаи масъулони идораи сайёҳӣ таъкид кард, ки дар Самарқанд сайёҳӣ бояд на мавсимӣ, балки фаъолияти доимӣ дошта бошад. Барои он ки дар давоми сол сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ ташриф оранд, таҳияи самтҳо ва барномаҳои махсуси сайёҳӣ зарур аст.

— Ҳар як сайёҳ баробари шунидани номи Самарқанд, пеш аз ҳама ёдгориҳои меъморӣ, осори таърихӣ ва қадамҷоҳои муқаддасро пеши назар меорад, — гуфт А.Бобоев. — Мо, албатта, аз ин ифтихор мекунем. Аммо агар сайёҳон танҳо барои дидани ҳамин ёдгориҳои меъморӣ оянд, барои ин вақти зиёд лозим намешавад, яъне онҳо дар Самарқанд муддати зиёд намемонанд. Агар мо хоҳем, ки саҳми соҳаи сайёҳӣ дар иқтисодиёт зиёд шавад, ҷойҳои нави корӣ ва барои мардум манбаи доимии даромад фароҳам гардад, бояд аз имкониятҳои мавҷудаи сайёҳии вилоят самаранок истифода барем. Охир, сайёҳонро ба ҳар гӯшаи вилоят бурда, ҳадди ақал ба онҳо манзараҳои зебои табиат, кӯҳҳо, теппаҳо, тарзи зиндагии хоси мардум, анъанаҳо ва расму оинҳоро нишон доданамон мумкин аст. Барои ин танҳо ба тозагӣ риоя карда, расонидани хизмати босифат кифоя аст. Офаридани инфрасохтор ба зиммаи мо мебошад. Маҳз ба туфайли чунин таваҷҷӯҳ ва имкониятҳо соли гузашта дар вилоят зиёда аз 20 самти нави сайёҳӣ таъсис дода шуд. Шумораи объектҳои сайёҳии зиёратӣ афзуд. Илова бар ин, беш аз 50 нуқтаи сайёҳии гастрономӣ, тақрибан 30 макони экосайёҳӣ, зиёда аз 20 муассисаи сайёҳии тиббӣ, инчунин объектҳои этносайёҳӣ ва агросайёҳӣ ташкил гардиданд.

Дар тақдимот гуфта шуд, ки соли 2026 дар вилоят таъсиси 20 меҳмонхонаи нав, 96 хонаи меҳмон, 38 хостел ба нақша гирифта шудааст. Мақсад аз ин ба 5 миллион нафар расонидани шумораи сайёҳони хориҷӣ ва ба 6 миллион нафар сайёҳони маҳаллӣ мебошад. Дар қарори Сарвари давлатамон аз 27-уми декабри соли 2025 «Дар бораи иҷрои зудтарини чораву тадбирҳо ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Самарқанд» низ рушди сайёҳӣ дар ноҳия ва шаҳрҳои вилоят, фароҳам овардани муҳити мусоид ва инфрасохтори зарурӣ муайян шудаанд. Бар асоси ин вазифаҳо, дар тӯли сол дар вилоят 60 лоиҳаи нави сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад. Илова бар ин, ҳамчун кӯчаҳои сайёҳии фаъолияти 24/7 (шабонарӯзӣ) ташкил намудани 8 кӯча ба нақша гирифта шудааст. Ба воситаи ташкили инфо-турҳо барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ва агентиҳои сайёҳии беш аз 70 кишвар имкониятҳои сайёҳии Самарқанд тарғиб карда мешаванд.

Мувофиқи маълумоти ҷонишини ҳокими вилоят Р. Қобилов, имсол дар вилоят фестивали байналмилалии гастрономии «Таомҳои Шарқ», фестивали байналмилалии баллонҳои ҳавоӣ, параплан, намоишгоҳҳои санъат, бозиҳои этникӣ ва барномаҳои маданӣ дар миқёси васеъ баргузор мегарданд. Бо назардошти имкониятҳои шаҳру ноҳияҳо, дар ҳар як ҳудуд фестивалҳои сайёҳии хоси худ гузаронида мешаванд.

Дар тақдимот ҳамчунин дар бораи кӯчаҳои сайёҳие, ки дар шаҳри Самарқанд ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд, маълумот дода шуд. Ҳокими вилоят ба масъулон супориш дод, ки дар чунин кӯчаҳо нуқтаҳои аксбардорӣ ва селфӣ ташкил карда шаванд, барои ҳаракати озоду бехатари одамон шароити мусоид ва бехавф таъмин гарданд, инчунин дар атрофи кӯчаҳо боғҳо, минтақаҳои сабз ва истигоҳҳои нақлиётӣ бунёд карда шаванд. Таъкид гардид, ки дар ҳар як лоиҳа пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолии маҳаллӣ ва сайёҳон бояд меъёри асосӣ бошад.

Хизмати матбуоти ҳокимияти вилоят