— Муаллим, одам солхӯрда шавад, сояҳои солҳои гузаштаи зиндагониаш дароз мешаванд. Ҳоло чӣ хотираҳоро аз аёми бачагӣ ба ёд оварда метавонед?
— Нахустин хотираи ман аз овони бачагӣ – ин дар чаҳорсолагниям, яъне аввалҳои моҳи майи соли 1945 хабари анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, ки падарам аз кӯча оварда буд. Модарам хурсандӣ намуд, ки ана акнун писари ба ҷанг рафтааш — Нуриддин ҳам меояд… Лекин модарам дар ҷанг аз бедарак гум шудани акаам хабар надошт ва то поёни умраш интизор шуд…
Хотираҳои минбаъда: дар панҷсолагӣ дар тобистон болои хок ва зимистон болои барф ҳарфҳои аз духтари ҳамсояамон Истадмоҳ омӯхтаамро навиштанам; дар шашсолагӣ ҳамроҳи бародарам ба мактаб рафтанам. Шунидани шеъру афсонаҳои халқӣ аз модарам, китобхонию китобхонаи падарам. Аз тарс бо ҳамсояамон як олам китобҳои нодири падарамро ба қабристон бурда гӯр кардани мо. Зилзилаи Ашқобод, азогирӣ дар рӯзи вафоти Сталин… Ёд дорам, то вафоти Сталин ҳар сол якуми моҳи апрел ҳама хурду калон аз саҳарӣ назди карнайҳои калони радио, ки дар болои идораҳои хоҷагии ҷамоавии “Болшевик” ва шӯрои қишлоқи Даштаки Боло буданд, ҷамъ гардида хабари арзон шудани нархҳоро мардум бо мамнуният мешуниданд ва ба сарвари давлат Сталин аҳсант мегуфтанд…
Баъд давраи ҳукмронии Никита Хрушчев, бо вуҷуди карахтӣ фаровонии даврони Леонид Брежнев, ниҳоят бозсозии Михаил Горбачёв ва пош хӯрдани давлати абарқудрате бо номи Иттиҳоди Шӯравӣ, расидани мо ба Истиқлол бо роҳбарии фарди барӯманди Самарқанд Ислом Каримов. Насиб карда будааст ҳоло таҳти сарварии марди шуҷоъ ва равшанзамири миллат Шавкат Мирзиёев ба мардуми меҳнатқарину меҳмоннавози Ӯзбекистон осмони софу зиндагии фаровон муяссар гаштааст…
Хотираҳои минбаъдаи ман бо ҳаёти даврони донишҷӯӣ, омӯзгорӣ дар донишгоҳ, ҳар сол камаш як моҳ дар саҳроҳои пахтазор бо донишҷӯён ҳамчун мардикор шабу рӯзро гузаронидан, фаъолияти илмӣ ва эҷодӣ, вохӯриҳо бо олимону адибони миллатҳои гуногун, маҳфилҳои адабӣ, оғози гуфторҳои тоҷикии радиои Самарқанд, нашри шумораи нахустини “Овози Самарқанд”, ташкили барномаҳои тоҷикии телевизиони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ширкати симо ва садои вилояти Самарқанд, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамоатӣ, баромадҳо дар анҷуманҳои илмӣ, сафарҳои илмӣ ва эҷодӣ ба шаҳру вилоятҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, Маскаву Ленинград ва ғайра, инчунин дар солҳои Истиқлол ба Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, саёҳат ба Гурҷистон, зиёд шудани сафи дӯстон ва ғайра вобаста аст…
Худоро шукр, ки ҳофизаи қавӣ дорам ва бо маслиҳати дӯстон ҳоло китоби хотираҳоро бо номи “Баҳористони хирад ва ё аз гузашти рӯзгор” навишта истодаам. Агар умр вафо кунаду Худо хоҳад, онро ҳамин сол ба анҷом расонида, манзури хонандагон менамоям…
— Чӣ сабаб шуд, ки бо матбуот дил бастед? Аввалин хабар ё мақолаи чопшудаатон кадом буд?
— Нахустин хабарҳои ман ҳанӯз дар синфи шашум хонданам дар газетаи “Пионери Тоҷикистон” нашр шудаанд. Баъди он, ки китоби тозанашри Сотим Улуғзода “Субҳи ҷавонии мо”-ро аз муаллими адабиёт Босит Ҳамроев гирифта хондам ва мазмуни мухтасари онро ба шарикдарсонам ҳикоя карда додам, ин китобро ҳамаи ҳамсинфонам хонда баромаданд, мақолаи калонтари ман бо номи “Китобро ҳама хонд” дар газетаи “Пионери Тоҷикистон” нашр шуда буд. Ҳамон сол хабари ман оиди варзишгарони мактаб ба забони ӯзбекӣ дар газетаи вилоятии “Ленин йӯли” нашр шуд. Нахустин ҳаққи қаламро низ ман аз ҳамин газета гирифта будам. Минбаъд хабару мақолаҳоям пасу пеш дар рӯзномаҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон нашр шудан гирифтанд. Аз соли 1961 барои радио низ хабару мақолаҳо менавиштам. Соли 1963 бо талабу дархостҳои мо дар радиои вилоятии Самарқанд ба ташкили гуфторҳо ба забони тоҷикӣ низ иҷозат шуд ва ман таи ду сол дар асоси ҷамоатӣ муҳаррири он будам. Пайваста бо ин аз соли 1963 мухбири ҷамоатии рӯзномаи “Ӯзбекистони Сурх” (баъд “Ҳақиқати Ӯзбекистон” ва ҳоло “Овози тоҷик”) ва радиои Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд будам…
Ана ҳамин тавр рӯзноманигорӣ яке аз пешаҳои дӯстдоштаи ман шуду солҳои 1992-1999 бо телевизиони Ширкати симо ва садои вилояти Самарқанд ба ҳайси муҳаррири барномаҳои тоҷикии телевизион низ ҳамкорӣ кардам ва то ҳол барои рӯзномаю маҷаллаҳо мақолаҳо менависам.
Ҳангоми фаъолият дар донишгоҳ ба сифати курси махсус бахши журналистика таъсис дода, маърӯзаҳо хондам ва машғулотҳои амалӣ гузаронидам, ки ҳоло чанде аз шогирдонам дар идораҳои рӯзномаҳо ва ширкати симо ва садо бо муваффақият фаъолият мебаранд.
— Барои ба камолоти маънавию маърифӣ расидан худомӯзӣ муҳим аст ё раҳнамоии устодон? Ҳоло худ устод шудаеду панду насиҳати устодонатон ҳанӯз дар паси гӯшҳоатон садо медиҳанд ва аз рӯйи онҳо амал мекунед?
— Дар урфият мегӯянд, ки “Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд…” Албатта, ба дараҷаҳои гуногуни камолоти эҷодӣ расидани ман мададу маслиҳати устодонам калон аст. Маслиҳатҳои муаллими адабиёти мактабамон Ҳалим Одилов, дар матбаа ва нашриёт Мардонқул Муҳаммадқулов, дар донишгоҳ устодони хирадманд Воҳид Абдулло, Раҳим Муқимов, Талъат Абдуҷабборов, дар радио Раҳматҷон Акрамов, Орзу Рӯзиев, дар ҳикоянависӣ Болта Ортиқзода ва Фотеҳ Ниёзӣ барои рушди эҷодии ман бағоят бузург буданд. Дар тазкиранигорӣ ба тазкираи “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ пайравӣ намудам, дар тарҷумонӣ худомӯзона қадам гузоштаам.
Гарчанд якчанд маҷмӯаи шеърҳо ва манзумаҳоям ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр шудаанд, ман даъвои шоирӣ надорам ва на ҳар он касе ки сухани мавзун мегӯяд, шоир аст. Шоирӣ ин ҳунарест, ки аз ҷониби Худо на ба ҳар кас инъом карда мешавад…
— Китобро дӯст медоред, бисёр китоб мехонед ва китобҳои зиёдеро ҳам ба табъ расондед. Дар ҳаёти Шумо китоб чӣ нақше доранд? Чӣ чиз Шуморо водор кард, ки ба китоб ин қадар меҳри беандоза бандед?
— Воқеан ман аз хурдсолӣ китобдӯст ҳастам. Дар ин бобат ман пеш аз ҳама аз падарам, модарам ва бародари зиндаёдам Насриддин миннатдорам, ки онҳо ба ман меҳри китобхонию китобдӯстиро бедор кардаанд. Чунон ки дар боло изҳор кардам, падарам китобхонаи бойе дошту ба мо ба ҷуз Қуръони шариф ва “Қиссас-ул анбиё, қиссаю ҳикоят ва ривоятҳоро аз “Нодир-ул-меъроҷ”, “Кашкӯли Салимӣ”, “Аҷоиб-ул-махлуқот”, “Алфу лайл” (“Ҳазору як шаб”) мехонд, ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Мирзо Бедил, Машрабро қироат мекард. Туғралро ҳамчун охирин шоири мумтози тоҷик дониста, дар бораи дӯстӣ доштанаш ва сӯҳбатҳояш ҳарф мезад, ғазалҳояшро хонда маънидод мекард. Аз “Ғиёсул-луғот” ҷустани маънои калимаҳоро меомӯзонд. Вай моро ба китобхонӣ ҳидоят карда, бештар ин байтро такрор мекард:Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест, Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест…
Модарам афсонапардоз ва кони зарбулмасалу мақолҳои халқӣ буда, ривоятҳоро дар бораи бузургон нақл мекард, суханрониҳояш пури ҳикмат буданд.
Ҳамаи ин маро ба китобдӯстӣ водор кард ва шиори ман дар зиндагӣ байти зерини аллома Иқболи Лоҳурӣ шуда монд:
Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,
Ин ду маънӣ эътибори миллат аст.
Бо тақозои тақдир донишҷӯйи шӯъбаи шабонаи донишгоҳ гардидам ва рӯзона дар нашриёти донишгоҳ ҳуруфчин, баъд мусаҳҳеҳ шуда кор кардам. Дар мошинка навиштанро омӯхтам ва ба ин сабаб маро ба вазифаи лаборанти кафедра ба кор гузарониданд. Ба нашри китоб ҳам ҳавасманд шудам. Замоне дар Ӯзбекистон ба забони тоҷикӣ китоб нашр кардан мумкин набуд. Барои нашри маҷмӯаи мақолаҳои аъзоёни кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд нашриёту матбааҳои Тоҷикистон (бештар матбааи шаҳрии Панҷакент, ки мудираш дӯсти наздики мо Абдувалӣ Ализода буд) мадад мерасониданд. Дар чопи китоби дастҷамъии “Гулдастаи Самарқанд”, ки бо маслиҳати Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ тартиб дода будам, борҳо ба Душанбею Тошканд равуо карда, ниҳоят баъди муроҷиат ба Маскав, ки он вақтҳо ҷилавдори тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакати шӯравӣ буд, бо дастгирии роҳбари ҳукумати вақт, Сарвари Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Рафиқ Нишонов муваффақ шудаам.
Ин китоб соли 1989 бо теъдоди 30 ҳазор нусха нашр шуда, дар як соат ҳазор нусхаи он ба фурӯш рафта буд. Он вақт аксар китобдӯсту китобхон буданд. Дар Самарқанд бо ташаббуси марди маърифатпарвар Абдураҳмон Валиев дӯкони савдои “Тоҷиккитоб” фаъолият дошт. Баъд чандин сол ин маъхази фарҳангро писари ӯ Алишер идора мекард. Аз Тоҷикистон китобҳои бисёре меоварданд ва зуд ба фурӯш мерафт.
Ҳоло чӣ? Дар худи Ӯзбекистон, аз ҷумла дар Самарқанд китобҳои зиёди адибону омӯзгорони эҷодкор ҳамагӣ бо теъдоди 200-300 нусха нашр мешавад, лекин китобхон нест. Ҳатто, қариб аксар падару модарон ва омӯзгорон китоб намехонанд. Ман ба ҳамин афсӯс мехӯрам, ки китоб нахонда ҷавонони имрӯзаи мо ба куҷо мерасанд? Вариантҳои электронӣ, ки ҳоло дар компутеру телефонҳо фаровонанд, ҳеҷ гоҳ ҷойи китоби чопиро гирифта наметавонанд. Онҳо зуд аз хотир фаромӯш мешаванд.
Замоне китоб ҳамчун тӯҳфа қадр карда мешуд. Барои дастрас кардани китобҳои нодир мардум коғазпора месупурданд. Баъзан дар қироатхонаи китобхонаҳо одам ҷой намеёфт… Худам низ то ҳол ба дӯстон ва наздиконам дар зодрӯзу ҷашнвораҳо китоб тӯҳфа мекунам…
— Шумо адабиётшинос, муҳаққиқ, мунақид, шоир, нависанда, тарҷимон… Хулоса, муллифи қариб сад адад китоб мебошед. Худатон худатонро кӣ – олим, шоир, нависанда, тарҷимон… медонед?
— Замоне Абдусалом Деҳотии Самарқандӣ ҳамчун ҳазли рафиқона худ ба худ навишта буд: “ним шоиру ним носир, тарҷимону муҳаррир… як Деҳотӣ чӣ ҳам кунад охир”.
Камина низ ҳамин тавр дар ҳама соҳаи ҳаёти адабӣ, фарҳангӣ ва маърифӣ сар халонда, ҳаддал имкон дар ҳамааш ҳам каму беш муваффақ шудаам. Ҳамчун адиби ҷавон ҳикояҳои нахустинам, ки дар журнали “Машъал” ва рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” чоп шуда буд, ба назари аҳли адаб афтода ҳанӯз ҳангоми донишҷӯйи донишгоҳ буданам соли 1963 ба курс-конференсияи адибони ҷавон дар қатори Шералӣ Лоиқ, Меҳмон Бахтӣ, Саидалӣ Маъмур, Озод Аминзода, Салимшо Ҳалимшо ва чанде дигар, ки сонитар ҳамчун адибони маъруф шинохта шуданд, ба шаҳри Душанбе даъват шуда будам. Дар ҳамин анҷуман бо Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, адибони рус Александр Боршаговский ва Мариэтта Шагинян, ки аз Маскав барои маслиҳат ба адибони ҷавон даъват шуда буданд, вохӯрда дар бобати эҷод маслиҳатҳо гирифта будам. Орзӯи нависанда ва киностсенариянавис шудан доштам. Лекин, ҳамон солҳо қурбониёни ноҳақ гирифтори тӯҳмати солҳои истинтоқи 1937 шудагон сафед шуда, барои омӯхтану паҳн кардани эҷодиёти адибону олимони ҳамон давр роҳ кушода шуд. Маро насиб шуд, ки тавассути мудири шӯъбаи китобҳои нодир ва хаттотии Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Самарқанд Фахриддин Маъруфӣ бо навиштаҳои адиб ва журналисти маърифатпарвари ҷадид Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода шиносо шавам. Фаъолияти ин адиб дар журнали “Машраб”, ки солҳои 20-уми асри гузашта дар Самарқанд нашр шудааст, диққати маро ба худ кашиду дар ин хусус мақолае нашр кардам. Баъд бо маслиҳати мудири кафедра Раҳим Муқимов, ки декани факултет ҳам буд, ҳамин мавзӯъро ба дараҷаи рисолаи дипломӣ расонида, бо дастгирии ректори донишгоҳ аллома Воҳид Абдулло ва муовини ӯ марди хайрхоҳ Рафиқ Искандаров донишгоҳро як сол пеш аз мӯҳлат бо дипломи сурх хатм кардам. Худи ҳамон сол маро аз вазифаи лаборантии кафедра ба муаллимӣ гузарониданд. Акнун барои ман баробари муаллимӣ давом додани кори илмӣ лозим омад. Ҳамон солҳо бо ташаббуси устодон Воҳид Абдулло ва Раҳим Муқимов ва дастгирии Роҳбари вақти Ӯзбекистон, адиб ва арбоби давлатӣ Шароф Рашидов дар Самарқанд хона-музейи устод Айнӣ кушода ва ба эҷодиёти серпаҳлуи ӯ низ эътибори хоса дода шуд. Ба ин муносибат дар Самарқанд нахустин Анҷумани “Солонаи Айнӣ” гузаронида шуд. Банда ҳамчун муаллим ва муҳаққиқи ҷавон котиби ҳамаи ин тадбирҳо таъин шудам.
Ҳамон солҳо барои омӯхтани ҳамбастагии адабиётҳои миллӣ дар барномаҳои факултетҳои филологии донишгоҳҳои ҳамаи республикаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ соатҳои таълимӣ афзуда, барои донишҷӯёни факултети филология ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ аз фанни “Адабиёти халқҳои СССР” дарс додан насибам гардид. Баъдтар бо маслиҳати олимон — шогирдони устод Айнӣ — Раҳим Муқимов, Расулхон Ҳодизода, Раҳим Ҳошим дар мавзӯи “Жанри қиссаи тарҷумаиҳолӣ дар адабиёти халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон” диссертатсия навишта, дар бистуҳафтсолагӣ соҳиби дараҷаи илмии номзади фанҳои филология ва дотсенти кафедра шудам. Гарчи тадқиқотро доир ба мавқеи романи таърихӣ дар адабиёти халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон давом дода, чанде мақолаҳои илмӣ нашр кардам, дар анҷуманҳои байналхалқӣ бо маърӯзаҳо баромад кардам, лекин диссертатсияи докторӣ бо баъзе сабабҳо ҳимоя нашуда монд…
Минбаъд бештар ба фаъолияти омӯзгорӣ ва корҳои илмӣ банд шуда, аз эҷоди бадеӣ дур шудам. Лекин дар ин мобайн ба фаъолияти тарҷумонӣ даст зада, дар ибтидо ҳикояҳо ва баъд қиссаҳоро аз адибони муосири ӯзбек ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр кардам.
Ҳамчун тарҷумон китоби нависандаи Австралия Билл Нюмен “Даҳ роҳи ноил гардидан ба муваффақиятҳо”ро аз русӣ ба ӯзбекӣ, китоби Расул Ҳодизода “Самарқанднома”ро аз тоҷикӣ ба ӯзбекӣ, “Рубоиёт”-и Юсуф Хос Ҳоҷиб, қиссаи Ӯткур Азимов “Чароғи ақл” ва китоби Ӯткур Ҳошимов “Қайдҳо дар ҳошияи дафтар”-ро аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ, китоби Рафиқ Нишонов “Дарахтҳо то бӯрон сарсабзанд”ро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардам.
Ҳоло китоби тарҷумаҳоям аз осори назму насри адибони муосири ӯзбек ба забони тоҷикӣ бо номи “Ганҷина” дар ду ҷилд, маҷмӯаи рубоиёти Шоири Халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ “Ҷоми Хайём” ба забон ӯзбекӣ ба дасти чоп аст.
— Бубахшед, дар ин бобат маълумоти муфассал дар китоби Ҳикмат Султонзода “Дар чорсӯи илму ирфон” дода шудааст…
— Бале. Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки ман дар майдони илму эҷод серсоҳаам. Лекин худамро ҳамчун як фарзанди асили Самарқанд медонам ва дар аксар навиштаҳоям Самарқанд ва одамони донишманду эҷодкор, соҳибфарҳангу ҳунарманд, маърифатпарвару меҳнатқарин ва меҳмоннавози он дар маркази таваҷҷӯҳи ман мебошанд. Дар кадом радифи эҷод набошад, мақсади ман Самарқанду самарқандиёнро ба худашону ҷаҳониён шиносонидан ва маърифату маънавияти инсон аст.
Ҳамаи паҳлуҳои илмӣ ва эҷодии ман эътироф гардида, соли 1984 ба узвияти Иттиҳодияи Ховаршиносони Шӯравӣ, соли 1992 ба узвияти Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон, соли 2003 ба узвияти Иттиҳоди Нависандагони Тоҷикистон, соли 2022 ба узвияти Иттиҳоди Нависандагони Ӯзбекистон қабул шуда, соли 2017 академики Академияи фанҳои Турон интихоб шудаам.
— Дар зиндагӣ одам ҳам дӯст дораду ҳам душман. Душманонро ҳам дӯст доштан даркор, зеро баъзан пешподиҳиҳои онҳо трамплини ба комёбиҳои баланд расидани Шумо мегардад…
— Бале. Дуруст гуфтед, ки ҳар кас дӯстҳо дораду душман ҳам. Ман дар давоми ҳаёти худ бисёр дӯстоне пайдо кардаам, ки бархе аз онҳо воқеан дӯстони ҷонианду ҳамин тавр ба хотири ман нақш бастаанд
Ман ҳамеша ба ҳама некӣ мекунам, ки ин хислат ба ман аз падару модарам ба мерос мондааст ва ҳамаи онро дар ин ҷой баён кардан ҳоҷат нест.
Лекин аз дӯстони душмансифат дур будан беҳтар будааст. Онҳое ҳастанд, ки намакро хӯрда намакдонро мешикананд. Гарчанд ман аз ин қабил мунофиқон ба ивази некӣ бадӣ дидаам, ному насаб, вазифаю мансаби ин тоифа каззобонро ба забон намеорам, лекин ҳаволаашонро ба Худо гузоштаам, ки ҷазояшонро худаш медиҳад…
— Ба синни мубораки 85 қадам гузоштед. Ҳар як инсон дар ҳаёт миссияи худро дорад. Шумо чанд фоизи миссияи худро ба ҷо оварда меҳисобед?
— Боре як мухбири телевизиони Тошканд дар мусоҳиба бо ман: Се ҳарфи М-ро шарҳ диҳед гуфта буд. Ман дар ҷавоб: Маърифат, Маданият ва Маънавият гуфта, ҳар як ин вожаҳоро низ бо далелҳо шарҳу эзоҳ дода будам. Ҳамин сӯҳбати мо тавассути телевизион чанд маротиба намоиш дода шуда буд. Пас чунин бармеояд, ки дар бораи миссияи ман дар ҳаёт – ин маърифати инсон пайваста бо фарҳангу маънавияти он аст. Ман ҳаддал имкон, чӣ дар бобати таълиму тадрис дар донишгоҳ ба шогирдон, чӣ дар осори илмиву адабӣ дар эҷод ва чи дар ҳар як хабару гузориши худ ҳамчун журналист ба ин ақидаи худ содиқ ҳастам. Ҳамин хислати маро шогирдони зиёде ки баъди хатми 30- 40-50 солагии донишгоҳ ҷамъ мешаванд, бо эҳтироми хоса ба ёд меоранд.
— Маънои ҳаёти инсонро Шумо дар чӣ медонед?
— Худи Инсон мӯъҷизаест, ки аз ҷониби Худо офарида шудааст ва ҳар як кас соҳиби хислату рафтори хоса ва ризқу насибаи аз ҷониби Худо фармуда мебошад. Маънои ҳаёти инсон аз китобҳои Муқаддас сар карда қариб дар ҳама асарҳои илмӣ ва бадеӣ бо ҳар тарзу намуд возеҳу равшан баён ёфтааст, ки мухтасари он соҳиби рафтори нек, пиндори нек, гуфтори нек будан аст. Пас ҳамин се чиз воқеан маънои ҳақиқии ҳаёти инсон мебошад ва ман низ ҳаддал имкон ба ҳамин амал карда, Худоро шукр, ки то ба ҳамин синну сол расидаам ва дар ҳалқаи писару духтар, келину домод ва набераю абераҳо, дӯстону пайвандони ба дилу дида наздик хушбахтона зиндагӣ ба сар бурда, ҳаддал имкон бо илму эҷод машғулам.
— Ташаккур, барои сӯҳбати пурмаъно.
Мусоҳибаи адиб ва журналист Бахтиёри ҶУМЪА бо эҷодкори серсоҳаи пурмаҳсул Аслиддин ҚАМАРЗОДА
