Дар шаҳри Самарқанд фестивали «Нони Самарқанд — бренди мардумӣ» баргузор гардид.
Зиёда аз 20 нафар нонпазҳо аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҷумҳуриамон дар кӯчаи Ислом Каримов 22 танур гузошта, нони Самарқандро пухтанд.
Дар маросими ифтитоҳи фестивал иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев ва вазири адлия Акбар Тошқулов ширкат карда, иштирокдорон ва меҳмонони фестивалро табрик гуфтанд.
— Нони Самарқанд ба мисли номи шаҳри бостонӣ ва ҳамешаҷавон дар сартосари ҷаҳон маъруф аст ва аз забон ба забон мегузарад, — гуфт А.Бобоев. — Имрӯзҳо дар вилояти мо нонвойҳои моҳир ин ҳунари аз падару бобо ва момоёни худ мерос гирифтаро идома дода, дастархони халқамонро бо нонҳои ба мисли хуршед тобон, гарм ва хуштаъм таъмин менамоянд ва сазовори эътибору эътирофи хориҷиён мегарданд.
Дар моҳи феврали соли равон нони Самарқанд, ки машҳури ҷаҳон мебошад, ба сифати нишондиҳандаи географикӣ аз ҷониби Вазорати адлия аз рӯйхати давлатӣ гузаронида шуд.
Акнун барои ба сифати мероси мадании моддии ноёби ЮНЕСКО эътироф намудани нони Самарқанд ҳаракат карда мешавад.
Аз ҳамин ҷиҳат, таъкид гардид, ки фестивали мазкур яке аз чорабиниҳои сайёҳие мебошад, ки дар он нони Самарқанд бояд ба сифати бренди ин минтақа эътироф гардад.
Фестивал танҳо аз намоиши маҳсулотҳои нон ва нонӣ, анҷомҳои ҳунармандии миллӣ иборат набуда, имконияте барои барқарор намудани анъанаҳои нонвойии қадимӣ ва ба насли ҷавон расонидани онҳо, машҳури ҷаҳон кардани мероси мадании Самарқанд, дастгрии ҳунармандӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, мустаҳкам намудани арзишҳои маънавии ғании халқамон мебошад.
Дар доираи фестивал миёни нонпазҳо озмун гузаронида шуд. Рамиз Тоҳиров ҳамчун ҷавонтарин ва Раҳматбобо Зокирови 80‑сола ҳамчун калонсолтарин нонвой қадрдонӣ гардиданд.
Дар озмун ҷои сеюмро роҳбари корхонаи оилавии «Авесто» Баҳодур Одилов ба даст овард. Алишер Мустафоқулов ва Мурод Пардаевҳо ба ҷои дуюм сазовор дониста шуданд.
Ҷои якум бошад, ба нонвойҳои Пахтачӣ ва Пастдарғам насиб кард. Мукофоти олиро нонпазҳои самарқандӣ Орзуқул Зоҳидов ва Ҳамза Ҳайдаров ба даст оварданд.
«Нони Самарқанд — бренди мардумӣ»
