
Сохтмони китобхона дар Искандарияи Миср ба соли 295 пеш аз милод, замони ҳукмронии Птоломейи I Сотер (Холоскор) рост меояд. Аммо маркази фарҳангии бостонӣ ҳангоми муҳосираи шаҳр сӯзонда шуд. Дар натиҷаи сӯхтор қисми зиёди дастнавису пергаментҳо нобуд гардиданд. Имрӯз китобхонаи аз нав барқароршудаи Искандария яке аз ҷойҳои машҳуртарини шаҳр ба ҳисоб меравад.
Китобхонаи нави Искандария дар шакли диски даврашакл, ки ба шимол моил шудааст, ба шарафи Худои Офтоб Ра, ки мисриёни қадим эҳтироми зиёд доштанд, сохта шудааст. Ҷолиби диққат ин аст, ки сохтмони китобхона ба шарофати кӯмаки пулии 30 кишвари ҷаҳон сурат гирифта, барои бунёди он тақрибан 100 миллион доллари хайрия сарф гардидааст.
Зали қироати боҳашами он 70 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва дар 11 меъёр ҷойгир буда, теъдоди умумии китобҳо қариб 8 миллион адад аст. Илова бар ин, маҷмӯа дорои осорхонаҳо, галереяҳои санъат, лабораторияи барқарорсозии дастнависҳо ва ҳатто планетариум мебошад. Дар ин ҷо пайвастагии органикии меъмории муосирро бо фазои беназири замони қадим дидан мумкин аст.
