Ovozi.uz

Дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» гӯшаҳои сабз ва боғҳо бунёд мешаванд

Имрӯзҳо дар доираи лоиҳаи умумихалқии «Макони сабз», ки дар саросари кишвари мо идома дорад, дар ноҳияи Пахтачӣ низ корҳои васеи ободонӣ ва кабудизоркунӣ амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла, дар минтақаи истироҳатии «Соҳил бўйи», ки дар соҳили канали Нарпай ҷойгир аст, бо ташаббуси як соҳибкор корҳои шинонидани ниҳолҳо анҷом дода шуд.

Дар ин ҳудуд 1000 бех можевелник ва арча, 400 бех қайроғоч ва 200 бех ниҳоли гулбутта шинонда шуда, дар соҳили канал гӯшаи зебо ва камарбанди сабз бунёд гардид.

Дар ноҳияи Пастдарғам бошад, барои мавсими баҳори имсол шинонидани тақрибан 700 ҳазор бех ниҳоли дарахт ба нақша гирифта шудааст ва дар ин самт корҳои васеъ оғоз ёфтаанд.

Чунин чорабинӣ дар маҳаллаи Элбек низ баргузор гардида, намояндагони корхонаҳо ва ташкилотҳои ноҳия дар қитъаи замини холӣ наздик ба 4000 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонданд.

Чунин корҳои ободонӣ дар тамоми маҳаллаҳо, хонадонҳо, ташкилоту муассисаҳо, инчунин дар заминҳои хоҷагиҳои фермерӣ ва деҳқонии саросари ноҳия идома доранд.

Дар ноҳияи Тoйлоқ низ дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» бо мақсади бунёди боғу токзорҳои нав чорабинии навбатии шинонидани ниҳолҳо баргузор гардид. Дар он дар қитъаи 4 гектар замини хоҷагии фермерии «Зарнигорой Вазираой», ки дар ҳудуди агрофирмаи ба номи «Р.Саидназаров» ҷойгир аст, 5 ҳазор бех ниҳолҳои ток, шафтолу, олуча, олу ва малина шинонда шуданд.

Чунин ташаббусҳои нек ба беҳтар гардидани вазъи экологии ҳудудҳо, ҳифзи табиат ва фароҳам овардани ҷойҳои боз ҳам зебову бароҳати истироҳатӣ барои аҳолӣ мусоидат мекунанд.

Абдулазиз ЙӮЛДОШEВ, «Халқ сўзи».