Имрӯзҳо дар мамлакатамон ба беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ, бахусус ҳал ва дастгирии муаммоҳои иҷтимоии занон эътибори махсус дода мешавад.
Бо ин мақсад, дар маҳаллаи Гулободи ноҳияи Самарқанд бо иштироки ҷонишини ҳокими ноҳия, мудири шӯъбаи оила ва занон Мадина Баратова қабули сайёр баргузор гардид.
Дар ҷараёни қабул, аз 15 муроҷиати занон 12-тоаш дар ҷои худ ҳал карда шуд. 3 муроҷиати боқимонда ба ташкилотҳои дахлдор фиристода шуданд. Ба 8 нафар зан маслиҳати ҳуқуқӣ дода шуд.
Чунин вохӯриҳо дар ҳалли муаммоҳои аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои занон аҳамияти калон доранд.
