Ovozi.uz

Фестивали ҷавонон рӯзҳои 10—29_уми июн баргузор мешавад

Дар Маркази ҷавонони Самарқанд ҷамъомад баргузор гардид. Дар он ба масъалаи гузаронидани фестивали ҷавонон эътибор нигаронида шуд.
Ба ҷамъомад ҷонишини ҳокими вилоят Ҳусан Тӯхтаев сарварӣ кард. Дар он, аввал роҷеъ ба чорабиниҳои фестивали ҷавонон, ки рӯзҳои 10—29_уми июн дар вилоятамон зери шиори «Ҷавонони Ӯзбекистони нав, муттаҳид шавем!» баргузор мегардад, маълумот доданд.
Таъкид гардид, ки дар доираи «Июн — моҳонаи ҷавонон» барои дар савияи баланд гузарондани ин фестивал, чорабиниҳо аз ҷумла мусобиқаҳои варзишӣ дар миқёси секторҳо, вохӯрӣ бо соҳибкорони ҷавоне, ки бомуваффақият фаъолият пеш мебаранд, бозиҳои зеҳнӣ, лоиҳаҳои ҳарбӣ-­ватанпарварӣ, гала-консерт бо иштироки санъаткорони маъруф, саёҳати фарзандони оилаҳои камбизоат, ярмаркаи меҳнат барои ҷавонон ва ғайра гузаронда мешаванд.
— Фестивали имсола аз рӯи самара аз пешинаҳо бояд фарқ кунад, — гуфт Ҳ. Тӯхтаев. — Пеш аз ҳама ба чорабиниҳо ҷавононеро бештар даъват кард, ки то ҳол аз эътибор дар канор мондаанд. Дар доираи фестивал бо мақсади зиёд намудани шавқи ҷавонон ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, касбу ҳунар ва тарғиби китобхонӣ лоиҳаҳоро, аз қабили «Фарзандони ибратнок», «Мутолиа», «Устод» бояд ташкил кард. Инчунин, дар деҳаҳои дурдасти ноҳияҳои вилоят ташкил намудани вохӯриҳо бо варзишгарон, сиёсатмадорон, олимон, шоир ва нависандагон мувофиқи мақсад аст.
Дар ҷамъомад ҷавонон пешниҳод карданд, ки бо мақсади васеъ кардани дониши ҳуқуқии онҳо озмуни «Қонуни ман — тақдири ман» ташкил карда шавад.
Барои дар сатҳи баланд гузарондани чорабиниҳои варзишӣ ва маданӣ ба масъулон вазифаҳои муайян дода шуд.