Ovozi.uz

Ҳайати вакилони вилояти Самарқанд дар ИМА

Имрӯзҳо ҳайати вакилони вилояти Самарқанд таҳти роҳбарии ҳокими вилоят Адиз Бобоев, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дорад, бо намояндагони ширкати «Sangita Capital Partners», ки узви Клуби соҳибкорони штати Миссури мебошад, инчунин як қатор ширкатҳои ҳамкори ин ташкилот вохӯрд.

Дар давоми мулоқот роҳбари ширкати «Sangita Capital Partners» Энтони Сэнсон роҷеъ ба самтҳои асосии фаъолияти ширкат, амалӣ гардонидани сармоягузориҳои мустақим дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои шарик, идоракунии самараноки дороиҳо ва портфелҳои сармоягузорӣ, инчунин дастгирии равандҳои рушди стратегии бизнес ҳарф зад. Қайд гардид, ки ширкат на танҳо ҳамчун сармоягузор, балки ҳамчун шарики фаъоли лоиҳаҳо низ фаъолият мебарад.

Дар вохӯрӣ ҳокими вилоят А.Бобоев роҷеъ ба шароити мусоиди барои сармоягузорони хориҷӣ фароҳамгардида дар Самарқанд, ислоҳоти амалишаванда, имкониятҳои мавҷудаи сармоягузорӣ ва самтҳои ояндадор маълумот пешниҳод кард. Дар мулоқот махсус таъкид гардид, ки роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар татбиқи лоиҳаҳои ояндадор аҳамияти муҳим дорад.

Дар поёни музокирот ҷонибҳо оид ба ҷалби фаъоли сармоягузорӣ, пешбурди лоиҳаҳои муштарак ва роҳандозии ҳамкориҳои дарозмуддат ба созишҳои аввалин ноил гардиданд.