Яке аз устодони маъруфи дорулфунуни Самарқанд, ки бо дониши амиқ ва хушмуомилагии худ муҳаббати донишҷӯёнро ба даст оварда буд, Қобилҷон Тоҳиров аст.
Адабиётшиноси беназир, олими матншинос ва манбаъшинос Қобилҷон Тоҳиров, ки тамоми умри худро ба адабиёт бахшида буд, агар дар қайди ҳаёт мебуд, 90-солагии баҳори умри худро ҷашн мегирифт.
Олим 12-уми майи соли 1936 дар деҳаи Ҷӯйи Сойи ноҳияи Самарқанд таваллуд шудааст. Меҳри Қ.Тоҳиров ба илм ӯро соли 1953 ба факултаи филологияи ӯзбек ва тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд овард. Дар давраи таҳсил ӯ зери таваҷҷуҳи яке аз бузургони адабиётшиносии ӯзбек В.Абдуллоев қарор гирифт ва таҳти роҳбарии ӯ рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Шоири туркман Андалиб ва адабиёти ӯзбек» бомуваффақият ҳимоя кард.
Аз соли 1964 дар кафедраи таърихи адабиёти ӯзбеки ДДС ба ҳайси муаллим, муаллими калон ва аз соли 1970 то охири умр дотсенти ҳамин кафедра кор кардааст.
Соли 2000 ба ӯ унвони фахрии «Дотсенти хидматнишондода» тақдим карда шуд.
Олим тӯли фаъолияти илмӣ ва педагогии худ муаллифи ду монография, як китоби дарсӣ, ду дастури омӯзишӣ, тақрибан даҳ нашрияи алоҳидаву 200 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ гардида, дар рушди адабиётшиносӣ ва илми таърихи адабиёти ӯзбек саҳми арзанда гузоштаанд.
Қ.Тоҳиров илова бар вазифаи масъулиятноки тартиб додан, таҳрири илмӣ ва омода кардани нашри маводҳои ҷилди сеюми китоби дарсии панҷҷилдаи академии «Таърихи адабиёти ӯзбек» бо ҳамроҳии В.Абдуллоев, Б.Валихоҷаев, Р.Орзибеков, инчунин дар мавзӯъҳои «Нурмуҳаммад Андалиб», «Абулғози Баҳодирхон» ва «Китобҳои халқ» маводҳо навиштааст. Ғайр аз ин, матнҳои интиқодии як қатор намунаҳои адабиёти классикии ӯзбекро омода ва ба хонанда пешниҳод кардааст.
Қобилҷон Тоҳиров ба номзадҳои илмҳои филология (зиёда аз даҳ олими адабиётшинос), аз ҷумла Ф.Равшанов, У.Қобилов, Г.Раҳимова роҳбарӣ кардааст. Онҳо ҳоло мутахассисони соҳаи худ буда, дар рушди адабиётшиносӣ ва маорифи кишвари мо саҳми арзанда мегузоранд.
Қ.Тоҳиров дар нашрияҳои бонуфузи Ӯзбекистон ва Туркманистон тақрибан бист мақолаи илмӣ дар бораи ҳаёт ва маҳорати эҷодии яке аз намояндагони муҳити адабии Хоразми асри XVIII Нурмуҳаммад Андалиб, ки эҷодиёти ӯ то ҳол дар адабиётшиносӣ ҷиддан омӯхта нашудааст, нашр карда буд.
«Дар бораи таъсири Андалиб ба адабиёти ӯзбек ва туркман» (1973), «Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Абдушукур Шукурӣ», «Фузулӣ ва Андалиб» (1977), «Абулғозӣ Баҳодирхон», «Китобҳои халқӣ» (1978), «Дар бораи муносибатҳои адабии ӯзбек ва туркман», «Навоӣ ва Шукурӣ» (1980) ва ғайра аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Омӯзиши илм ва паҳн кардани нури маърифат кори хеле савобнок аст. Ёд кардани устодони бузурге, ки тамоми умри худро ба илм бахшидаанд, вазифаи ахлоқии мост. Ёди олими бузург Қобилҷон Тоҳиров минбаъд низ ҳаёти моро мисли саҳифаҳои китоби муқаддас равшан хоҳанд кард.
Дилфуза ТОШНИЁЗОВА, дотсенти кафедраи таърихи адабиёти мумтози Донишкадаи забон ва фарҳанги халқҳои Осиёи Марказии ДДС
