Ovozi.uz

Вохӯрӣ бо намояндагони ширкати «Orion Consortium Sdn Bhd»-и Малайзия

Дар ҳокимияти вилояти Самарқанд бо намояндагони ширкати «Orion Consortium Sdn Bhd»-и Малайзия вохӯрӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дурнамои таъсиси марказҳои муосири гемодиализ дар минтақа баррасӣ шуданд.

Тавре маълум гардид, ширкати «Orion Consortium Sdn Bhd» дар самти хизматрасониҳои гемодиализ, фармасевтика ва хизматрасониҳои аввалини тиббӣ фаъолият мебарад. Ҳоло ширкат дар Малайзия 4 маркази муосири диализро идора мекунад.

Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои роҳандозии хизматрасониҳои босифат ва муосири тиббӣ барои беморони гирифтори норасоии гурда дар вилояти Самарқанд, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва татбиқи таҷрибаи хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҷонишини ҳокими вилоят Ҳусан Тӯхтаев роҷеъ ба корҳои амалишаванда ҷиҳати ислоҳоти куллии системаи тандурустӣ дар минтақа ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ маълумот дод. Ҳамчунин, ӯ таъкид кард, ки густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт аҳамияти муҳим дорад.

Дар поёни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои ояндадор изҳор намуданд.