Зарбулмасалҳои машҳур мегӯянд: «себ барои хӯроки шом ва табиб даркор нест».
Бешубҳа, себ – як меваи хеле солим аст, махсусан меваҳои дар мавсим парваришшуда барои истифода хуб мебошанд. Себ 80 % об ва 20 % – ин нахҳо, карбогидратҳо ва кислотҳои органикӣ мебошанд. Себҳо дорои пектин, полисахариди табиӣ мебошад, ки онро диетологҳо дӯст медоранд. Як себи миёна тақрибан ба 12 фоиз аз талаботи ҳаррӯзаи нах (клетчатка)-и шумо баробар аст. Себ дорои витаминҳои В, С ва К мебошад, ки барои кори ҳамоҳангшудаи системаи асаб ва гардиши хун, иммунитети қавӣ ва энергия заруранд. Витамини С як антиоксиданти пурқуввати зидди пиршавӣ ҳисобида мешавад. Инчунин дар он калий, магний, калтсий, синк ва хлор ҳаст. Ҳамаи ин элементҳо барои солимии системаи дилу рагҳо таъсир мерасонад ва ба системаи иммунӣ кӯмак мекунад.
Агар пеш аз хоб себ бихӯрад? Себ дар байни онҳое, ки маҳдудиятҳои парҳезӣ ё детоксро афзалтар медонанд, маъмуланд. Баъзеҳо боварӣ доранд, ки себ пеш аз хоб гуруснагиро коҳиш медиҳад ва шумо ором хоб мекунед.
Шояд, баръакс, иштиҳо зиёд шавад? Агар ба тавсияҳои умумии диетологҳо муроҷиат намоем, беҳтар аст, ки хӯроки охиринро 3-4 соат пеш аз хоб ба нақша гирем. Яъне беҳтарин стратегия «на сер ва на гурусна» хобидан аст. То вақти хоб инсулин, гормоне, ки ба муттаҳид шудани глюкоза ба ҳуҷайраҳо кӯмак мекунад, паст мешавад.
Агар шумо тавсияҳои мутахассисонро риоя кунед, системаи ҳозима беҳтар кор мекунад ва бонуси гуворо барои ҷадвали парҳезӣ метавонад хоби бароҳат гардад.
