Ovozi.uz

Оё муносибати масъулони барқ ба мардум чунин аст?

Ё баъзе қайдҳо оиди дар система ёфт нашудани шахси масъул барои маълумот додан ба гурӯҳи депутатии ҲЛДӮ

Аввало дар бораи гурӯҳи депутатҳои партиявӣ дар Шӯрои шаҳри Самарқанд мухтасар сухан ронем. Дар давоми сол 11 нафар депутат 142 пурсиши депутатӣ фиристоданд.

Ғайр аз ин 9 масъала ба муҳокимаи комиссияҳои доимии Шӯрои намояндагони халқии шаҳри Самарқанд дохил карда шудааст. Ба сессияҳои Шӯро 4 масъала бароварда шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардидааст.

Албатта, шунидани депутатӣ яке аз соҳаҳои муҳими фаъолияти гурӯҳи партия мебошад. Ба ин муносибат соли гузашта 12 маротиба маҷлиси шунавандагон ташкил карда шудааст. Аз ҷумла, ҳисоботи шахсони мансабдор монанди масъулони муассисаи тиббии шаҳри Самарқанд, роҳбарони идораи таъминоти гази шаҳри Самарқанд, шӯъбаи шаҳрии ҶММ «Samarqand suv ta’minoti», директори ДУК “Maroqand obod” шунида шудаанд.

Дар рафти шуниданҳо вобаста ба мушкилоте, ки дар шаҳр байни соҳаҳо ба миён меоянд, фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои дахлдор баён карда шудааст.

Дар навбати худ ба роҳбароне, ки кори худро аз таҳти дил иҷро намекунанд, бо мақсади нисбат ба фаъолияти онҳо баҳои ҳуқуқӣ додан ба раиси Шӯро ва раҳбарони созмони баландпоя муроҷиат намудаанд.

Масалан, роҳбари шӯъбаи Санитарию эпидемиологӣ ва ҳифзи саломатии аҳолии шаҳри Самарқанд Д.Нормуродова барои новобаста аз чанд маротиба даъват шуданаш дар шуниданҳои депутатӣ шахсан иштирок накардааст, аз тарафи Шӯрои намояндагони халқии шаҳри Самарқанд огоҳонида шуд.

Ба нақшаи кори гурӯҳи депутатӣ масъалаи ҳолати бо қувваи электр таъмин намудан ва таҷҳизот (сутун ва трансформатор) дар шаҳр, инчунин кори ободонии он дохил карда шуда буд. Барои дар ин бора маълумот додан мо бо мактуби рақами 01/24 ба роҳбари идораи шабакаҳои барқи шаҳри Самарқанд А.Муталибов муроҷиат кардем. Аммо А.Муталибов бо сабабҳои номаълум дар ҷамъомад иштирок накард, аъзои гурӯҳи намояндагон муҳокимаи масъаларо ба ҷамъомади навбатӣ гузоштанд. Дар ин бора ба номи А.Муталибов бо мактуби расмии таҳти рақами 01/39 муроҷиат карда шуд. Мутаассифона, вай ба маҷлиси навбатӣ ҳам наомад.

Ба ин далел, 5-уми декабри соли 2023 дар мавриди рафтори сардори Корхонаи шабакаҳои барқи шаҳри Самарқанд ба номи роҳбари Ҷамъияти саҳҳомии «Корхонаи шабакаҳои барқии ҳудудии Самарқанд» мактуби расмӣ ирсол намудем.

Тибқи ҷавоби фиристодашуда А.Муталибов аз вазифаи роҳбарии Корхонаи шабакаҳои электрикии шаҳри Самарқанд озод карда шудааст.

Воаҷаб, Муталибовро аз кор озод карда бошанд, оё корхона бе роҳбар мондааст? Охир, мо ба шахсияти касе не, балки барои муҳокимаи корҳои амалигардидаи соҳа роҳбаронро даъват менамоем. Аҳолӣ ва истеъмолкунандагон аз ин манфиатдоранд.

Мо сабаби хаспӯш шудани вазъиятро чӣ тавр фаҳмем: оё тағйирот дар система суст аст ва дар ин бора ба намояндагони халқ хабар додан мумкин нест?

Гурӯҳи депутатии Шӯрои намояндагони ҲЛДӮ дар шаҳри Самарқанд