Санъати мусиқии ӯзбеку тоҷик бо ҳам чун ширу шакар аз азал пайванд аст. Шашмақом барои мардуми ҳар ду халқ суруди миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳатто сарояндагони маъруф чун Ботир Зокиров, Охунҷон Мадалиев, Бобомурод Ҳамдамов, Шералӣ Ҷӯраев ҳам сурудҳои тоҷикӣ доранд. Вақте, ки Ботир Зокиров суруди «Эй сорбон»-ро, Охунҷон Мадалиев «Анор-анор»-ро, Бобомурод Ҳамдамов «Камарборик»-ро, Шералӣ Ҷӯраев «Насиҳат ба фарзанд»-ро ба тоҷикӣ месарояд, дар гуфтори онҳо хатогие ба назар намерасад. Ҳоло ҳолат ин тавр нест.
Ба қарибӣ дар шабакаи иҷтимоии YouTube як сурудро шунидам, ки пас аз шунидани он ба хаёлам фикри навиштани ин мақола омад. Даставвал мехоҳам ба як масъала эътибори шуморо ҷалб кунам. Чаро пиронсолони мо сурудҳои ҷавононро гӯш намекунанд? Чаро ҳоло мо сурудҳои ба монанди «Ҷонамба зан бобо»-ро гӯш мекунему мерақсем ва пас аз гузашти замон мефаҳмем, ки сурудҳои Аҳмад Зоҳир, ё Ҷӯрабек Муродов, ё Кароматулло Қурбон, ё Далер Назар, ё Асадулло Атоуллоев ва ё Мардон Мавлонов садҳо баробар аз онҳо хуб аст. Дуруст, шумо гуфта метавонед, ки ин сурудҳо даврони ҷавониро ба ёд меоваранд, ё оромкунандаанд. Аслан ин тавр нест. Сарояндагони зикргардида матни сурудро бештар меомӯзанд ва ба мазмуну мӯҳтавои он эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Масалан, Аҳмад Зоҳир дар сурудҳояш шеърҳои Саъдию Мавлоною Маликушшуаро Баҳору Ҳушанги Ибтиҳоҷу Симини Беҳбаҳонӣ ва дигар шоиронро истифода бурда бошад, Ҷӯрабек Муродов шеърҳои Ҳофизи Шерозӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва қаламкашони бузурги дигарро сурудааст. Ҳамаи сурудҳои ин овозхонҳо ба дараҷаи «тренд» баромадаанд.
Акнун боз ба суруде, ки ман дар шабакаи иҷтимоӣ шунидам, бармегардем. Матни ин сурудро худи овозхонҳо, ки дуэт аст, нанавиштаанд. Суруд дар асоси ғазали машҳури шоири адабиёти классикии форсу‑тоҷик Убайди Зоконӣ иҷро шудааст. Байтҳои истифодашудаи ғазал:
Мекунад силсилаи зулфи ту девона маро,
Мекашад наргиси масти ту ба майхона маро…
Ҳаваси дурри баногӯши ту дорад дили ман,
Қатраи ашк аз он аст чу дурдона маро.
Давлате ёбам агар дар назари шамъи рухат,
Куштаву сӯхта ёбанд чу парвона маро…
Иҷрокунандагони суруд Шаҳбоз Набиевич ва Мирзобек Солеев дар ҳамин се байт даҳҳо хато кардаанд ва дилхарошкунандааш он аст, ки ба ҷои вожаи «силсила» — «зилзила»-ро истифода бурдаанд. Номи оҳангро бошад «Зил-зила» гузоштаанд.
Мақсад аз навиштани мақолаи мазкур танқиди танҳо ин сарояндагони ҷавон нест. Имрӯзҳо касе, ки ба забони тоҷикӣ суруд мехонад, дар он ба даҳҳо хатоҳои монанди ин суруд роҳ медиҳад. Барои ба чунин хатоҳо роҳ надодан ба сарояндагон маслиҳат медодем, ки бештар бо донандагони забон маслиҳат кунанд. Чун суруде, ки онҳо месароянд шояд пас аз даҳҳо, садҳо солҳо ҳам аз ҷониби одамон шунида шаванд ва он гоҳ аз сароянда касе айб наёбад. Дар мисоли худам гӯям, ба ғалат хондани суруд тоқат надорам.
Дар охир суханҳои сарояндаи машҳури амрикоӣ Боб Марлиро меоварам, ки ҳарфҳояш айнан дар бораи ҳамин мавзӯъ мебошад: «Чизи зебои мусиқӣ дар он аст, ки вақте он дохили ботинатон мешавад, шумо ягон дардро ҳис намекунед».
Бигзор ҳамаи сурудҳо ба ботинамон дарояд.
Шаҳзод КЕНҶАЗОДА.
