Адабиёти давраи Темуриён як марҳалаи муҳими таърихӣ дар рушди адабиёти тоҷик буда, омӯзишу тадқиқи ҳарҷонибаи он имрӯз низ чун яке аз масоили мубрам дар адабиётшиносӣ боқӣ мондааст. Ҳарчанд барои омӯзишу баррасии давраи мазкур сарчашмаҳои зиёди адабию таърихӣ то ба мо омада расидаву мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд, аммо дар ин бобат чанд ҷиҳати то ҳанӯз барои аҳли илм норавшан ва масоили ҳалталаб муҳаққиқи худро интизоранд. Аз ин ҷумлаанд масоили он, ки дар байни ҳавзаҳои адабии давр муҳити адабии Самарқанд дар чӣ ҷойгоҳ қарор дошт? Намоёндагони ин ҳавзаи адабӣ кадомҳоянд ва осори барҷомондаи онон чӣ арзиши бадеӣ доранд?
Чунин ҷиҳатҳои масъала то кунун аз назари аҳли таҳқиқ дур монда ва ба таври бояду шояд баррасӣ нагардидаанд. Устод Садриддин Айнӣ яке аз муҳаққиқони тавоно ва чирадасте аст, ки аз нахустинҳо шуда, ба ин масъалаи мубрам таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, дар баробари иҷрои масъулияти гарони бори адабиёти тоҷик, боз ба корҳои илмӣ машғул шудаву дар ин уқёнуси паҳновар гавҳарҳои гаронбаҳо ба даст овардааст. Аз ҷумла, дар асарҳои пурқимати устод, монанди «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ», «Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино», «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рӯдакӣ», «Камоли Хуҷандӣ», «Мирзо Абдулқодири Бедил», «Восифӣ ва хулосаҳои «Бадоеъ-ул-вақоеъ», инчунин мақолаҳои зиёди дигар, ки ҳамчун аввалин дастовардҳои адабиётшиносии тоҷик арзиши илмии онҳо то ҳанӯз накостаанд, доир ба ин мавзӯъ пажӯҳишоти муҳим амалӣ гардидаанд.
Дар осори адабиётшиносии устод пажӯҳишоти хеле дақиқу нуктасанҷона ва ҳақиқатнигорона сурат пазируфтааст. Аз ҷумла, устод дар хусуси шуарои давраи Темуриёни ҳудуди Мовароуннаҳр сухан ронда, бо маводи тазокири маъруф, аз қабили «Тазкирату-ш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, «Маҷолису-н-нафоис»-и Алишер Навоӣ, «Бадоеъу-л-вақоеъ»-и Зайниддин Восифӣ, «Равзату-с-сафо»-и Мирхонд, «Макориму-л-ахлоқ»-и Хондамир, «Оташкада»-и Озар, «Хизонаи омира»-и Ғуломалии Озоди Билгиромӣ, «Қомусу-л-аълом»-и Шамсиддини Сомӣ, «Кашфу-з-зунун»-и Ҳофизи Чалабӣ, «Ҳафт авранг» ва «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Бобурнома»-и Заҳириддин Муҳаммад Бобур барин маохизи маъруф иктифо наварзида, нусхаҳои нодиртарин ва шояд ягонаи дастнависҳои боқимондаро ҷустуҷӯ ва дарёфт карда, таҳқиқоти худро такмил додааст. Ба хусус, дар осори илмии устод дар хусуси шуарои давр Носири Бухороӣ, Шайх Камоли Хуҷандӣ, Хоҷа Абдулмалик Исомии Самарқандӣ, Хоҷа Исмати Бухороӣ, Халил Султон ибни Мироншоҳ, Бисотии Самарқандӣ, Баҳоуддин Барандақи Хуҷандӣ, Шамсиддин Аҳмади Оҳангари Бухороӣ, Шаҳобиддин Аҳмади Бухороӣ, Тоҳири Бухороӣ, Абулқосим Бобурмирзо ибни Бойсунғур, Сайфии Бухороӣ, Хаёлии Бухороӣ, Риёзии Самарқандӣ, Алишер Навоӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ва дигарон маълумоти тоза оварда шудааст. Масалан, таърихи вафоти Хоҷа Исмати Бухороиро баъзе тазкиранигорон, мисли Давлатшоҳ, муаллифи «Оташкада» соли 829‑уми ҳиҷрӣ қайд кардаанд. Аммо устод дастнависи нодиреро дар Бухоро ба даст оварда, тавассути байти зерини фузалои замони шоир собит намуд, ки Хоҷа Исмат соли 840 -уми ҳиҷрӣ фавтидааст, ки ба 1436 солшумории милодӣ рост меояд:
Таърихи вафоти Хоҷа Исмат,
Ҳар кас, ки шунид, гуфт: «таммат».
Устод Садриддин Айнӣ осори гаронбаҳои форсии шоир, мутафаккир ва арбоби давлатии давраи Темуриён Мир Алишер Навоиро низ нуктасанҷона таҳқиқ намуда, бо дарназардошти пуробурангӣ ва сермаъноии он, дар баробари таъсири ӯ он аз адабиёти пурғановати форс‑тоҷик, таъсири ӯ, инчунин сарпарастӣ намудани Навоиро ба аҳли илму адаби давр таъкид намуда, гуфтааст, ки: «хидматҳои Навоӣ дар роҳи рушди адабиёти тоҷик серҷабҳа» мебошад.
Маълумоти дар «Намунаи адабиёти тоҷик» овардаи устод дар мукаммалсозии осори форсии Навоӣ кӯмак намудааст. Чунончи, дар асар 20 байт ва як мактуби форсии шоир таҳти унвони «Мактуби Амир Алишер Навоӣ ба Хоҷа Фазли Девон ва Хоҷа Убайдуллоҳи Марворид» аз як маҷмӯаи дастнавис ба пуррагӣ оварда шудааст. Дар асари «Алишер Навоӣ» устод як номаи Абдураҳмони Ҷомиро ба унвони Навоӣ аз «Макориму-л-ахлоқ» ба таври мухтасар нақл намудааст. Аммо номаи мазкур дар «Номаҳо ва муншаот»-и Ҷомӣ ва «Хамсату-л-мутаҳаййирин»-и Навоӣ мавҷуд нест, ки ин аз дақиқназарии устод шаҳодат медиҳад.
Девони форсии Навоӣ, ки дар Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Эрон интишор ёфтааст, аз нигоҳи матншиносии имрӯза ҳанӯз нашри пурра ва илмии интиқодӣ ба шумор намеравад ва ҳар кадом дар баробари аҳамияти бузурги худ, аз камбудиҳо холӣ нест ва таҳриру тасҳеҳи ҷадидро ниёз дорад. Ҳамчунин, дар чопҳои мазкур баъзе ашъор, ки дар яке ҷой доранд, дар дигаре мавҷуд нестанд ё баръакс, аз ин боис такмили он ба фоидаи кор аст. Ашъори дар дигар чопҳо мавҷуднабудаи шоирро дар асарҳои худ овардани устод Айнӣ низ аз бозёфтҳои муҳими адабӣ ба шумор меравад.
Аз хидматҳои дигари устод дар навоишиносӣ он аст, ки баробари нишон додани хидматҳои бузурги Навоӣ дар рушди адабиёти тоҷик, баҳри аз ҷиҳати илмӣ асоснок ва мустаҳкам намудани чӣ алоқаҳои адабӣ ва чӣ адабиётшиносии ду халқи бародар — тоҷику ӯзбек мусоидат намудааст.
Аз ҷумла, дар равшансозии муносибати байни Навоӣ ва шоири намоёни тоҷик Камолиддин Биноӣ хулосаи ҳаққонӣ бароварда шудааст. Соли 1938 ба муносибати 500‑солагии Алишер Навоӣ, устод Айнӣ мақолаи «Мир Алишер Навоӣ»-ро таълиф намуд. Дар он, ҳамзамон бо пажӯҳишоти ҳаёт ва осори шоир, ба масъалаи муносибати байни ин ду шоири тавоно — Биноӣ ва Навоӣ низ дахл карда шуда, устод собит намуд, ки онҳо байни ҳамдигар муносиботи дӯстонаи тарафайнро доим нигоҳ доштаанд. Ин масъалаи баррасишуда ва афкори ҳақиқатнигоронаи устод минбаъд дар асари академик Абдулғанӣ Мирзоев таҳти унвони «Биноӣ» ба таври мусбиву ҳаққонӣ ва ба манфиати дӯстии ду миллати бародари тоҷику ӯзбек асоси илмии худро пайдо кард.
Умуман, зимни омӯзиши осори адабиётшиносии устод чанд ҷиҳати муҳими равиши кори он диққати касро ба худ ҷалб мекунад: нахуст, арзиши илмӣ доштани афкори баррасишуда ва дар он ҳатман ҷой доштани мавод ва маълумот, ё худ андешаи тозаву навоварона доир ба мавзӯъ. Ахиран, забони фасеҳу равони ба фаҳмиши халқ наздик ва дар баробари ин, дорои сухани бузург будани асарҳо мебошад. Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки устод афкори илмии худро на бо забони баландпарвозу пуртумтароқ, ё ки тақлидкорона ба сабки мушкилписанди дандоншикан, ки барои оммаи мардум нофаҳмо аст, балки бо забони покизаву равону фаҳмо ва қабл аз ҳама, барои ҳамаи мо зарури тоҷикона иброз менамояд. Хоссатан, чунин ҷиҳатҳои ба худ хоси равиши корбарии устод барои пажӯҳишгарону пӯяндагони ҷодаи илм намунаи беҳтарини ибрат ва роҳнамоӣ маҳсуб мегардад.
Фозил ШУКУРЗОДА.
