Ovozi.uz

Дастхати Эйнштейн

Вақте ки Алберт Эйнштейн соли 1922 дар Токио буд, хабардор шуд, ки сазовори мукофоти Нобел шудааст.

Вай дар меҳмонхона хост ба хизматкор чойпулӣ диҳад, вале вай рад кард:
— Ин кори ман, барои ин ба ман маъош медиҳанд.

Эйнштейн бо табассум гуфт:
— Дар ин ҳол ман барои ту хотира мегузорам.

Вай ба коғази меҳмонхона навишт:
— «Ҳаёти тинч ва камтарона нисбати муваффақият бештар бахт меорад.»

Хизмат кор ин навиштаро то охири умр нигоҳ дошт. Набераи ӯ соли 2017 онро дар савдои музояда наздик ба 1,6 миллион доллар фурӯхт.

Вале қимати ҳақиқии он дар пул не, дар маъно буд. Чунки бахтро наметавон фурӯхт.

Инсон мумкин соҳиби хонаи зебо шавад, вале дар он гармӣ нест. Ё ки мумкин дар ҷойгоҳи нарм хоб равад, вале аз хоби бо хотири ҷамъ маҳрум.

Хоксорӣ, хотири ҷамъ, муҳаббат ва миннатдорӣ — инсонро ба маънои ҳақиқӣ бой мекунад.