Ovozi.uz

Қабул ба магистратура шурӯъ шуд

Қабули ҳуҷҷатҳо ба шуъбаҳои магистратураи муассисаҳои таълими олии давлатии ҷумҳурӣ ба тариқи онлайн оғоз гардид.

Бояд гуфт, ки раванди қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил дар шуъбаи магистратураи муассисаҳои таълими олии давлатӣ дар соли таҳсили 2025-2026 тавассути платформаи расмии вазорат – my.edu.uz то 30 июл (дар ин рӯз ҳам) идома меёбад.

Довталабоне, ки дорои сертификатҳои миллӣ ё байналмиллалии сатҳи зарурӣ мебошанд, метавонанд дар озмунҳои магистратура иштирок кунанд.