Ovozi.uz

Барои шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки ба Миср сафар мекунанд, талаботи нав ҷорӣ мешавад

Аз 1-уми ноябри соли 2026 тартиби ба Миср даромадани шаҳрвандони Ӯзбекистон тағйир меёбад. Тибқи талаботи нав, пеш аз сафар гирифтани раводид, пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фармоиши меҳмонхона ва доштани маблағи кофии нақд ҳатмӣ мешавад.

Мувофиқи маълумоте, ки тавассути каналҳои дипломатӣ дастрас шудааст, тартиби нав аз 1-уми ноябр мавриди амал қарор мегирад.

Бинобар он, шаҳрвандони Ӯзбекистон бояд пеш аз сафар ба Миср раводиди вурудро тавассути ваколатхонаҳои дипломатии ин кишвар ба расмият дароранд. Сафарҳои сайёҳӣ низ бояд тавассути ширкатҳои сайёҳии ваколатдор ташкил карда шаванд.

Барои сайёҳони то 40-сола талаботи махсус муқаррар шудааст.

Тибқи тартиби нав, сайёҳони то 40-сола танҳо дар ҳамроҳии аъзои наздики оила — падару модар, ҳамсар ё фарзандонашон метавонанд ба Миср сафар кунанд. Дар ин ҳолат, оила бояд барои тамоми давраи сафар на камтар аз 5 000 доллари ИМА маблағи нақд дошта бошад.

Сайёҳони мустақил, ки синнашон аз 40 боло аст, бояд на камтар аз 3 000 доллари ИМА маблағи нақд дошта бошанд.

Ҳангоми аз сарҳад гузаштан кадом ҳуҷҷатҳо талаб карда мешавад? Ҳангоми ворид шудан ба Миср сайёҳон бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фармоиши меҳмонхона, маълумоти алоқаи мобилӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мавҷудияти маблағи кофӣ барои таъмини хароҷоти сафарро пешниҳод кунанд.

Ҳамчунин, дар давраи дар ҳудуди кишвар будан дархостҳо оид ба иваз кардани раводиди сайёҳӣ ба навъи дигари раводид қабул карда намешаванд.

Агар мусофирон ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ набошанд ё тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накунанд, вуруди онҳо ба Миср мумкин аст рад карда шавад. Дар чунин ҳолат барои баргардонидани онҳо тавассути ширкати ҳавопаймоие, ки онҳоро ба кишвар овардааст, чораҳо андешида мешаванд.

Сафорати Ӯзбекистон дар шаҳри Қоҳира шаҳрвандонро даъват кардааст, ки ҳангоми банақшагирии сафар ба Миср бояд талаботи навро ба инобат гиранд.